16 ноябр дар толори Қасри фарҳанги шаҳри Ҳисор бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ бо иштироки Раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор, муови нон, роҳбарони сохтору муассисаҳо, фаъолон, собиқадорони меҳнат, намояндагони касбу кори гуногун ва ҷавонону наврасон баргузор гардид.
Дар чорабинӣ шаҳрдор, ҳозирин ва дар симои онҳо тамоми сокинони шаҳрро ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфт.
Таъкид гардид, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва созандаи Пешвои миллат Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, дар тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ дигаргуниҳои муҳим ба амал омаданд. Имрӯз ободонии шаҳру деҳот, бунёди роҳу пулҳо, муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ, фарҳангӣ ва иншооти гуногуни хизматрасонӣ аз ҷумлаи дастовардҳое мебошанд, ки ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум мусоидат менамоянд.
Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишони эҳтиром ба мақому манзалати олии Президенти кишвар, арҷгузорӣ ба хизматҳои таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди давлати соҳибистиқлол, таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва таъмини рушди устувори мамлакат мебошад. Ҳамзамон, ҳар як сокини кишварро зарур аст бо ҳисси баланди ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ дар ободиву пешрафти Ватани азиз саҳми арзандаи худро гузорад.
Дар идомаи чорабинӣ барномаи рангини фарҳангӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуд. Ҳунармандони Қасри фарҳанг бо иҷрои суруду таронаҳои ватандӯстона, васфи Ватан, истиқлолият ва Пешвои миллат ба чорабинӣ шукӯҳи хоса бахшида, табъи иштирокдоронро болида сохтанд.


