Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

Author name: Вебсайт

БАРГУЗОРИИ ОЗМУН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛӢ ДАР ШАҲРИ ҲИСОР

16 майи соли 2023 дар шаҳри Ҳисор бо ибтикори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли 31 мансаби холии маъмурии хизмати давлатӣ дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот озмун ташкил ва баргузор карда шуд. Ба комиссияи озмун 11 нафар довталабон ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод карданд ва 7 нафар …

БАРГУЗОРИИ ОЗМУН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛӢ ДАР ШАҲРИ ҲИСОР Read More »

РӮЗИ ДАРҲОИ КУШОД ДАР МАҲАЛ ВА ТАҲЛИЛИ ВАЗЪИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ДЕҲОТИ НАВОБОД БО ИШТИРОКИ РАИСИ ШАҲРИ ҲИСОР

ДЕҲОТИ НАВОБОД БО ИШТИРОКИ РАИСИ ШАҲРИ ҲИСОР Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади баррасии саривақтии муроҷиати шаҳрвандон, тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, 18 майи соли равон дар Ҷамоати деҳоти Навобод бо иштироки раиси шаҳр Қосим Роҳбар, муовинони раиси шаҳр, мудирони …

РӮЗИ ДАРҲОИ КУШОД ДАР МАҲАЛ ВА ТАҲЛИЛИ ВАЗЪИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ДЕҲОТИ НАВОБОД БО ИШТИРОКИ РАИСИ ШАҲРИ ҲИСОР Read More »

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОИЛА ДАР ШАҲРИ ҲИСОР

15 май дар Кохи фарҳанги шаҳри Ҳисор Рӯзи байналмилалии оила пуршукӯҳ таҷлил гардид. Қабл аз оғози чорабинӣ раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар дар толори хурди Кохи фарҳанг ба 12 ҷуфт навхонадорон шаҳодатномаи ақди никоҳ ва ба 18 нафар навзодон шаҳодатномаи таваллуд ва туҳфа, аз қабили сару либоси кӯдакона ва ашёи рӯзгор тақдим намуда ба муносибати …

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОИЛА ДАР ШАҲРИ ҲИСОР Read More »

Бахшида ба 78-солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ

ҲЕҶ КАС ВА ҲЕҶ ЧИЗ ФАРОМӮШ НАШУДААСТ 8 май дар пояи муҷассамаи Модар, воқеъ дар боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Ҳисор ба хотири гиромидошти хотираи шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, солҳои 1941-1945 чорабинии пуршукӯҳ доир гардид. Қабл аз оғози чорабинӣ раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сурайё Дӯстмуродзода, ду нафар иштирокчии Ҷанги …

Бахшида ба 78-солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ Read More »

КОНФЕРЕНСИЯИ УМУМИҶУМҲУРИЯВӢБА ХОТИРИ ГИРОМИДОШТИ ШАҲИДОНИ САДАМАИ ЧЕРНОБИЛ

29 апрели соли 2023 дар Кохи фарҳанги шаҳри Ҳисор бахшида ба 37-умин солгарди “Рӯзи байналмилалии ёдбуди шаҳидони садамаҳои радиатсионӣ” ва 32-солагии таъсисёбии Ташкилоти чернобилчиёни Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи умумиҷумҳуриявии иштирокчиёни бартарафсозии оқибатҳои садамаи Чернобил баргузор гардид. Дар раёсати кори Конференсия раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар, раиси ташкилоти ҷамъиятии “Иттифоқи маъюбони Чернобил”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Тӯйчӣ Атабаев, раиси …

КОНФЕРЕНСИЯИ УМУМИҶУМҲУРИЯВӢБА ХОТИРИ ГИРОМИДОШТИ ШАҲИДОНИ САДАМАИ ЧЕРНОБИЛ Read More »

БОРИ АВВАЛ КИШТИ ПАХТА БО УСУЛИ ЗАМОНАВӢ ДАР ШАҲРИ ҲИСОР

Раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар 12 марти соли равон, дар доираи сафари корӣ ба Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод дар маъракаи кишти пахтаи деҳқонони бригадаи №14, (сарвари бригада Латофат Ҳусейнова) ҶДММ ба номи Латиф Муродов иштирок намуд. Тавре сарвари хоҷагӣ Баҳриддин Солеҳов иброз дошт имсол, бори аввал дар хоҷагӣ ва умуман шаҳри Ҳисор бо мусоидати Вазорати кишоварзии …

БОРИ АВВАЛ КИШТИ ПАХТА БО УСУЛИ ЗАМОНАВӢ ДАР ШАҲРИ ҲИСОР Read More »

РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА ДАР ШАҲРИ ҲИСОР: ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ

Таҳти ҳамин унвон дар Кохи фарҳанги шаҳри Ҳисор бо иштироки Раиси шаҳр Қосим Роҳбар, кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, комиссариати ҳарбӣ, собиқадорони ҷангу меҳнат, наваскарону волидайнашон, донишҷӯёну муҳассилини муассисаҳои таълимӣ ва аҳли ҷамоатчигӣ Рӯзи даъватшаванда пуршукӯҳ таҷлил гардид. Қабл аз оғози чорабинӣ наваскарону хизматчиёни ҳарбии ҳудуди шаҳр, ҷавонони фаъол – гирандагони …

РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА ДАР ШАҲРИ ҲИСОР: ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ Read More »

ИҶЛОСИЯИ ҲАБДАҲУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ ҲИСОР

      30 марти соли 2023 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор таҳти раёсати раиси шаҳр, раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ҳисор, даъвати шашум баргузор гардид.       Дар кори иҷлосия вакилони халқ, муовини якум ва муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳ, кормандони …

ИҶЛОСИЯИ ҲАБДАҲУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ ҲИСОР Read More »

ТАҶЛИЛИ ПУРШУКӮҲИ НАВРӮЗ ДАР ШАҲРИ ҲИСОР БО ИШТИРОКИ МЕҲМОНОН АЗ ӮЗБЕКИСТОН

21 марти соли равон сокинони шаҳри Ҳисор дар Қалъаи таърихии Ҳисор Наврӯзи байналмилалиро бо иштироки ноиби намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор вобаста ба корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолият, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сурайё Дӯстмуродзода ва меҳмонон …

ТАҶЛИЛИ ПУРШУКӮҲИ НАВРӮЗ ДАР ШАҲРИ ҲИСОР БО ИШТИРОКИ МЕҲМОНОН АЗ ӮЗБЕКИСТОН Read More »