БА АРЗУ ДОДИ ҲАР ШАҲРВАНД ГӮШ БИДИҲЕД
Нагузоред, ки аз дари идораатон ноумед бароянд, агар кӯмак карда наметавонед, ақалан кӯшиш кунед, ки наранҷонед онҳоро, иброз дошт Носирзода Ҷаббор дар рӯзи қабули шаҳрвандон ба муовинон, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дигар роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти давлатӣ.Дар ҳақиқат, ин ҳафта муроҷиати шаҳрвандон аз он далолат медод, ки на дар ҳама ташкилоту идора ба арзу …
