Нагузоред, ки аз дари идораатон ноумед бароянд, агар кӯмак карда наметавонед, ақалан кӯшиш кунед, ки наранҷонед онҳоро, иброз дошт Носирзода Ҷаббор дар рӯзи қабули шаҳрвандон ба муовинон, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дигар роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти давлатӣ.
Дар ҳақиқат, ин ҳафта муроҷиати шаҳрвандон аз он далолат медод, ки на дар ҳама ташкилоту идора ба арзу доди шаҳрвандон муносибати самимӣ ва холисона дошта, мушкилоташонро саривақт таҳлил ва баррасӣ менамоянд. Роҳбари шаҳр ҳалли бештари муроҷиати шаҳрвандонро ба ҷамоатҳои шаҳраку деҳот марбут дониста, раисони ҷамоатҳоро таъкид намуд, нагузоранд, мардум бо масъалаю мушкилоте, ки имкон дорад дар худи маҳал ҳали худро ёбад, сарсону саргардон шуда то ба ҳукумати шаҳр муроҷиат намоянд.
Дар рӯзи қабул, шаҳрвандон асосан барои мусоидат ба гирифтани замини наздиҳавлигӣ, баҳсҳои оилавию байниҳамсоягӣ, пешгирӣ аз ҳолатҳои кашол ёфтани оғози сохтмон дар биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, бунёди чойхона барои пиронсолон, расонидани кӯмакҳои иҷтимоӣ муроҷиат карданд ва аз ҷониби раиси шаҳр барои баррасӣ ва ҳалли мушкилоти шаҳрвандон, масъулон дар муҳлатҳое, ки қонун муайян кардааст вазифадор гардиданд.