Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

БОЗДИДИ ВАЗИРИ КИШОВАРЗИИ ӮЗБЕКИСТОН АЗ ШАҲРИ ҲИСОР

13 майи соли равон Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Иброҳим Абдураҳмонов, ки дар доираи Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (ФАО) барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад, бо Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимзода Қурбон ба шаҳри Ҳисор ташриф оварданд.
Меҳмононро раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор дар назди Боғи дӯстии халқҳо, ки дар заминҳои ҳудуди Ҷамоати шаҳраки Шарора бо ҳамкорӣ ва шарикии кишвари Ӯзбекистон бунёд ёфтааст пазироӣ карда, ба шаҳри Ҳисор хайрамақдам гуфт.
Меҳмонон вориди зардолузори боғи мазкур шуда, бо маданияти истифодабарии замин ва самаранок истифода бурдани он, инчунин кишти байни қаторҳо изҳори қаноатмандӣ намуданд. Ҳамчунин, дар заминҳои хоҷагии таҷрибавӣ- истеҳсолии “Зироаткорӣ”-и Академияи илмҳои кишоварзӣ бо ҷараёни кишти пунбадона бо усули обёрии зери плёнка, ки тавассути технологияи муосир роҳандозӣ шудааст, шинос гардида, ба кишоварзону механизаторон ҷиҳати риояи агротехникаи кишт ва ба даст овардани ҳосили дилхоҳ тавсияву маслиҳатҳои судманд доданд.
Ҳамчунин, дар фарҷоми сафар ба шаҳри Ҳисор, меҳмонон дар Ҷамоати деҳоти Сомон аз боғи гелос дидан карда, бо намудҳо ва навъҳои гуногуни гелос, ки дар ин боғ парвариш меёбанд, шинос гардиданд.