Субҳи имрӯз, 15 май муовини директори Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид хонум Бет Бекдол ва иштирокчиёни Конфронси 35-уми Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ба шаҳри Ҳисор ташриф оварданд.
Меҳмононро, ки муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Баҳром Раҷаб роҳбаладӣ мекард, дар даромадгоҳи шаҳр раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор пазироӣ карда, ба шаҳри Ҳисор хайрамақдам гуфт. Меҳмонон тибқи таомули аҷдодӣ таҳти садои карнаю сурнай бо нону намак истиқбол гардиданд.
Сипас, меҳмонон дар Ҷамоати деҳоти Сомон аз боғи гелос дидан карда, бо парвариши навъҳои гуногуни гелос, ки бо мазза, ҳаҷм ва вақти пухта расиданашон фарқ мекунанд, шинос гардиданд.
Ҳамчунин, меҳмонон дар деҳаҳои Шӯроби Искандар ва Ғайратободи деҳоти мазкур аз муҷассамаҳои гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва лавҳаи рамзие, ки ба муносибати ворид гардидани дараи Алмосӣ, гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури тойфии гулобӣ ба Низоми мероси кишоварзии СММ гузошта шудааст дидан карда, дар пояи онҳо акси хотиравӣ гирифтанд.
Дар идомаи сафар меҳмонон ба Ҷамоати деҳоти Алмосӣ ташриф оварда бо боғҳои гелос ва ангур шинос гардиданд. Ба ифтихори ташрифи меҳмонон роҳбарияти шаҳр дар деҳаи Бобосурхон намоиши гӯсфанди зоти ҳисорӣ, намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ ва хӯрокҳои миллиро, ки аз гӯшти гӯсфанди зоти ҳисори омода карда шудааст, ташкил карда, пешкаши меҳмонон намуданд,
Дар тарабхонаи “Шоми Қалъа” барои фароғати меҳмонон чорабинии фарҳангӣ доир гардид ва ҳунармандони шуъбаи фарҳанг барномаи рангини консертиро иборат аз суруду таронаҳо бо забонҳои гуногуни халқҳои ҷаҳон пешкаш намуданд. Дар бозгашт ба пойтахт-шаҳри Душанбе, ҳайати меҳмонон аз Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор дидан карда, бо таърихи шаҳр шинос гардиданд ва бо як ҷаҳон таасурот ба пойтахт баргаштанд.


