Имрӯз раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор бо иштироки муовинон ва намояндаҳои маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ, назорати давлатии санитарӣ – эпидемиологӣ ва дигар сохторҳои дахлдор аз раставу дӯконҳои бозори мараказии “Самоҳ” боздид карда, бо нарху навои бозор шинос гардид.
Ҳангоми боздид, раиси шаҳр барои пешгирӣ аз болоравии беасоси нархи маҳсулоти ниёзи аввалия, ки дар арафаи иду айём эҳтимол дорад, таъмини фаровонии бозор бо маводи ғизоии босифат ва риояи қатъии қоидаҳои санитарию гигиенӣ ба соҳибкорону фурӯшандаҳои бозор дастуру супоришҳои мушаххас дод. Таъкид намуд, ки дар шароити имрӯза нигоҳ доштани устувории нархҳо ва пешгирии сунъии гароншавии маҳсулот, бахусус равған, гӯшт ва меваю сабзавот муҳим мебошад. Ба намояндагони назорати санитарию эпидемиологӣ супориш дода шуд, ки ба сифат ва муҳлати истеъмолии маҳсулоти хӯрокворӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намоянд.
Ҳамчунин, раиси шаҳр ба сару либоси фурӯшандаҳо эрод гирифта, онҳоро ба пӯшидани либоси махсуси корӣ, риояи тартибу низоми бозордорӣ ва нигоҳ доштани тозагии ҳудуди бозор, ҳидоят кард ва зимни суҳбат бо фурӯшандаҳо, онҳоро ба инсоф даъват намуд.


