23 феврали соли 2024 дар Кохи фарҳанги шаҳри Ҳисор бахшида ба 31-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии пуршукӯҳи тантанавию фарҳангӣ доир гардид.
Пас аз садо додани Суруди миллӣ муовини якуми раиси шаҳр Каримзода Сироҷиддин суханронӣ карда, паёми шодбошии раиси шаҳр Қосим Роҳбарро ироа намуд. Аз ҷумла зикр намуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи даврони соҳибистиқлолии кишвар буда, ин ниҳод аз имтиҳону озмоишҳои сахту сангин гузашта ба як сохтори муташаккилу боэътимод ва неруи пурқудрати ҳимоятгари давлату миллати тоҷик табдил ёфтааст.
Аз таъсисёбии Артиши миллӣ дар солҳои пурошуби аввали соҳибистиқлолӣ ёдовар шуда, саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, Генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ташкили он арзишманд муаррифӣ намуд. Афзуд, ки Артиши миллӣ дар ҳимояи истиқлолу озодии Ватан ва дастовардҳои таърихии он – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявии Тоҷикистон, ҳифзи марзу буми сарзамини аҷдодӣ, таъмини амнияти давлат ва осоиши ҷомеа хизмати содиқона карда, ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ роҳи мушкилро тай намуд, таҷриба андухт ва айни ҳол ба яке аз Артишҳои пуриқтидору касбии минтақа табдил ёфта, боиси ифтихору сарфарозии мардуми Тоҷикистон гаштааст.
Вобаста ба сафарбарии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуд, ки МИҲД-и шаҳр ҷиҳати ҷалб намудани ҷавонон ба курсҳои кӯтоҳмуддати ронандагии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа барои 210 нафар шароит муҳайё намудааст. Бинобар, зарур аст, тадриҷан баҳри ҳамоҳангсозии фаъолияти муштарак байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, комиссариати ҳарбӣ, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, корхонаву ташкилот, омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, ва кумитаҳои маҳаллаву ходимони дин мусоидати фаъол намуда, нақшаи сафарбарии ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ бо сари баланд таъмин намоем.
Дар фарҷом иштирокчиёни чорабинии тантанавӣ ва дар симои онҳо сарбозону хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва сокинони шаҳри Ҳисори шодмонро ба муносибати рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона муборакбод гуфта, тансиҳативу хушбахтӣ, сарбаландиву саодатмандӣ ва дар фазои Тоҷикистони азиз субботу оромӣ ва ваҳдати ҷовидон таманно намуд.
Сипас, натиҷаи озмунҳои ҳарбию ватандӯстӣ, ки соли 2023 дар шаҳри Ҳисор баргузор шуда буд, эълон ва ғолибон бо сипосномаю туҳфаҳои таъсиснамудаи кумитаи тадорукот қадрдонӣ гардиданд.
Барномаи рангини консертии ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳр, иборат аз шеъру таронаҳои ватандӯстона ва саҳнаҳои ҷолиб анҷомбахши чорабинӣ гардид.