Тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ибтикори шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳр бо мақсади дарёфти кадбонуҳои беҳтарин, ҷиҳати эҳёи намунаҳои хӯрокҳои миллии аз байн рафта, дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот даври аввали озмуни ҷумҳуриявии “Кадбонуи беҳтарин” доир гардид.
Кадбонуҳо аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳот дар озмун фаъолона ширкат карда, кадбонуҳои шаҳраки Ҳисор, Шарора ва деҳоти Сомон намунаҳои бештару беҳтари хӯрокҳои миллиро пешниҳоди ҳакамон намуда, ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ ноил гардиданд.