Шоми имрӯз, 20 апрел бо роҳбарии иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор намояндагони Ситод оид ба корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба кӯчаи Ӯроқ Аловиддинов, қитъаи роҳҳое, ки таъмираш оғоз мегардид, ташриф оварданд
Носирзода Ҷаббор аснои шиносоӣ бо корҳои таъмиру тармим дар роҳ бо мутахассисони роҳсоз суҳбат карда, онҳоро барои бо сифати хуб, дар давоми шаби 20 ба 21 апрел ба анҷом расонидани таъмири роҳи мазкур маслиҳат ва супоришҳои мушаххас дод.
