Субҳи имрӯз, 23 апрел иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор дар доираи сафари корӣ ба Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод, дар ҳузури омӯзгорон ва шахсони муътабари деҳа, аз ҷумла роҳбари хоҷагии ба номи Латиф Муродов Баҳриддин Солеҳов, собиқадорони соҳибэҳтиром Сафаралӣ Усмонов, Шералӣ Каромов, Адҳам Хушматов, Музаффар Мирзоев дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №30, ба номи Баракатулло Аминов ба сохтмони бинои иловагии мактаб оғози расмӣ бахшиданд.
Бинои иловагӣ бо саҳми аҳолӣ ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ду ошёна, ошёнаи якум 5 синфхона бо 250 ҷойи нишаст дар ду баст ва утоқи корӣ барои ҷонишини директор бунёд ёфта, дар ошёнаи дуюм маҷлисгоҳ бо 500 ҷойи нишаст дар назар дошта шудааст.
Дар саҳни муассиса Носирзода Ҷаббор бо омӯзгорон ва пирони рӯзгор – шахсиятҳои муътабари деҳа суҳбат ороста, онҳоро ба тарбияи фарзандони донишманду хушахлоқ, ва соҳибкасб, ки оянда битавонанд ба нафъи давлату миллат, ободии Ватан содиқона хизмат намоянд, ҳидоят намуд.
Тибқи иттиллои роҳбари муассиса Шуҳрат Аминов дар доираи коҳои ободониву созандагӣ бо ташабусси аҳолӣ тирезаҳои фарсудаи бинои куҳнаи муассиса ба миқдори 87 адад иваз карда шудаанд.