Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ҲАМОИШИ ГИРАНДАГОНИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ҲИСОР

27 апрел дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор таҳти унвони «Ҷавонон пайравони Пешвои миллатанд» ҳамоиши гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрҳои Ҳисору Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав баргузор гардид.
Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид. Дар маросими супоридани шаҳодатнома ва маблағи стипендия раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулаҳмадзода Зулфиқор ва муовини якуми раиси шаҳри Ҳисор Каримзода Сироҷиддин иштирок ва суханронӣ намуданд.
Нотиқон зимни суханронии худ зикр намуданд, ки наврасону ҷавонон, ки ояндаи давлату миллат маҳсуб меёбанд, дар меҳвари сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус, сиёсати ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, таваҷҷуҳу ғамхорӣ нисбат ба онҳо пайваста густариш меёбад.
Тавре баён гардид, Стипендияи Президенти Тоҷикистон барои хонандагони болаёқат соли 1998 таъсис ёфта, маблағи он дар ибтидо 240 сомониро ташкил медод ва дар ҷумҳурӣ 300 нафарро дарбар мегирифт. Шумораи гирандагони Стипендияи Президенти Тоҷикистон дар соли хониши 2021-2022 ба 3000 нафар расида, маблағи он дар як моҳ 600 сомониро ташкил медиҳад.
Лозим ба ёдоварист, ки дар соли хониши 2023-2024 шумораи гирандагони Стипендияи Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор 91 нафарро ташкил дода, инчунин ба 100 нафар хонандаи фаъол стипендияи раиси шаҳри Ҳисор муқаррар карда шудааст.
Дар идомаи ҳамоиш намояндагон аз шумори гирандагони Стипендияи Президенти Тоҷикистон аз шаҳрҳои Турсунзода Ҳисор ва ноҳияи Шаҳринав бо се забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ баромад карда, бо шукргузорӣ аз соҳибистиқлолию озодӣ миннатдории худро ба Пешвои муаззами миллат ҷиҳати фароҳам овардани шароити созгор барои омӯхтани илму дониш баён доштанд ва қавл доданд, ки бо омӯхтани илмҳои пешрафта оянда ба давлату миллати худ содиқона хизмат хоҳанд намуд.
Сипас, аз ҷониби Гулаҳмадзода Зулфиқор ва Каримзода Сироҷиддин, дар фазои тантанавӣ ба сарбозоне, ки ихтиёрӣ ба комиссариатҳо ҳозир шуда, бо амри дил дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шарафмандона хизмат намудаанд, барои хизмати шоён, мусоидати фаъол дар татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон, нишон додани эҳсоси баланди худшиносиву ватандӯстӣ, эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ, таҳкими рукнҳои давлатдорӣ, ҳифзи амният ва марзу буми кишвар Сипоснома ва туҳфаҳои таъсиснамудаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодатнома ва маблағҳои пулӣ тақдим гардид.