Шоми 28 апрел дар варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор, дар доираи мусобиқаҳои даври якуми лигаи якуми футболи Тоҷикистон, бозии дастаҳои “Шодмон”-и шаҳри Ҳисор ва “Саройкамар”-и ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон баргузор гардид.
Қабл аз оғози бозӣ, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор бо ҳайати дастаи “Шодмон” шинос гардида, дар бозие, ки баргузор мегардид, барору комёбӣ таманно намуд.
Бозӣ дар ду давр пуршиддат ҷараён гирифта, бозингарон кушиши зиёд ба харҷ дода бошанд ҳам, вале он барои ҳарду даста бенатиҷа – 0:0 анҷом ёфт.
Тибқи ҷадвали мусобиқаҳои лигаи якуми футболи мамлакат, бозии навбатии дастаи “Шодмон” дар сафар бо “Сомон”-и ноҳияи Данғара баргузор мегардад.