Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ИСТИҚБОЛИ МЕҲМОНОНИ ЧИНӢ ДАР ҚАЛЪАИ ҲИСОР

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии мардумии Чин Сун Вайдун ва ҳайати ҳамроҳонаш, ки бо сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, ба шаҳри Ҳисор ташриф оварда аз Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор боздид намуданд. Дар регистони Қалъаи Ҳисор меҳмононро муовини раиси шаҳр Бунафша Юлдошзода истиқбол гирифта, ба шаҳри Ҳисор хайрамақдам гуфт. Ҳамчунин, меҳмононро сокинони шаҳр тибқи таомули аҷдодӣ таҳти садои карнаю сурнай ва бо нону ширинӣ пазироӣ намуданд. Меҳмонон дар Мамнуъгоҳ аз ёдгориҳои таърихии он, аз ҷумла қалъа, арк, қасри ҳоким, аскархона, амфитеатр, мадрасаҳои кӯҳна ва нав, корвонсарой дидан карда, тавассути роҳбаладон бо таърихи гузаштаи шаҳри бостонии Ҳисор, ки сайёҳони чинӣ ҳанӯз дар асрҳои миёна ошноӣ доштанд, шинос гардиданд.