Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ҲОҶӢ АСАДУЛЛОИ 85-СОЛА ДАР ДЕҲАИ ТУТАКА МАКТАБ МЕСОЗАД

Ҳоҷӣ Асадулло Файзуллоев, сокини 85-солаи деҳаи Тутакаи Ҷамоати деҳоти Алмосӣ дар мулоқоти иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор, санаи 24 апрели соли 2024 дар МТМУ №31-и шаҳри Ҳисор бо сокинону фаъолони деҳоти Алмосӣ мужда расонид, ки тасмим гирифтааст бо фарзандонаш дар ҳудуди замини шахсиаш, воқеъ дар деҳаи Тутака, барои фарзандони диёраш мактаби ибтидоӣ бунёд карда, ройгон ба тавозуни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон месупорад.
Иқдоми хешро бобои Асадулло ба он рабт медиҳад, ки бинобар сабаби дар масофаи дур қарор доштани мактаби деҳа, фасли баҳору зимистон, аснои боришоти барфу борон кӯдаконро мушкилӣ пеш меояд ва дар баробари зиён ба саломатиашон, боиси ба дарсҳо дер мондани онҳо мегардад.
Асадулло Файзуллоев зодаи деҳаи Тутака буда, баъд аз хатми мактаби асосӣ дар омӯзишгоҳи касбӣ-техникии Чептура соҳиби касби ронандагӣ мегардад. Солҳои зиёд дар Муассисаи давлатии нақлиётии №1-и шаҳри Душанбе ба ҳайси машинисти кранҳои борбардор ва дар киностудияи “Тоҷикфилм” ронанда шуда кор кардааст. Асадулло Файзуллоев то нафақа пешаи асосиашон ронандагӣ буд.
Фарзандонашон сохтмончӣ буда, дар бунёди иншоот бахшида ба 30-солагӣ ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва рушду ободии шаҳри Ҳисор саҳми шоиста доранд.