Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Носирзода Ҷаббор дар ҳузури муовини якум ва муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳ ва мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр бо соҳибкорон, аз ҷумла тоҷирону сохтмончиён ва саноатчиёну кишоварзон мулоқот намуд.
Зикр гардид ки мулоқот бо мақсади таҳкими шарикии давлат бо бахши хусусӣ дар самтҳои гуногуни фаъолияти соҳибкорӣ, тарҳрезии нақшаи фаъолияти муштараки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ва соҳибкорон дар соли 2024 ва мусоидат ба дастгирии давлатии соҳибкорӣ доир мегардад.
Носирзода Ҷаббор зимни суханронӣ аз дастгириву иқдомҳои соҳибкорон дар чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ бахшида ба 3000-солагии Ҳисори Шодмон, иҷрои беш аз 790 банди нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташаббусҳо дар солҳои 2019 – 2021 ҳамчун, «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», татбиқи нақшаи генералии шаҳр ва амалӣ гардидани 1675 банди нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатити шаҳр бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва ба ҳамин васила саҳм гузоштан дар амалишавии “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр Ҳисор барои солҳои 2021-2026” ёдовар шуда, арзи сипосу эҳтиром намуд.
Соҳибкорон зимни сӯҳбати ошкору озод, аз иқдоми пешгирифтаи роҳбари тозаинтихоби шаҳр Носирзода Ҷаббор, ки муфид ва саривақтӣ арзёбӣ гардид изҳори қаноатмандӣ карда, омодагии хешро барои таҳкими ҳамкориҳои минбаъда ва вусъати корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳр баён доштанд.
Дар фарҷоми чорабинӣ роҳбари шаҳр барои иштироки фаъолонаи соҳибкорон дар мулоқот изҳори сипос карда, бо итминон изҳор дошт, ки ҳамкориҳо минбаъд низ қаввитар мегарданд ва дарҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва раиси шаҳр барои қабули онҳо ҳамеша боз аст.