Субҳи имрӯз, дар бинои Ҷамоати деҳоти Ориёни шаҳри Ҳисор, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор рӯзи қабули сайёри шаҳрвандонро баргузор намуд.
Дар соати қабули шаҳрвандон муовини якум, муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳ ва мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр ва кормандони дастгоҳи ҷамоат, инчунин, роҳбарони сохторҳои мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳр иштирок доштанд.
Ба роҳбари шаҳр се нафар сокинони деҳоти Ориён оид ба масъалаҳои мусоидат ба баргардонидани заминҳои ёрирасони назди хоҷагӣ, ки таъйиноташ тағйир дода шудааст, кӯмак намудан ба сарбози маъюб барои дастрасӣ ба манзили истиқоматӣ ва мусоидат намудан барои ҳамчун чарогоҳ истифода намудани заминҳое, ки дар тавозуни ҶДММ “Қуллаҳои тоҷик” қарор дорад, муроҷиат намуданд.
Вобаста ба баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои муроҷиати шаҳрвандон шахсони масъул вазифадор шуданд.
Пас аз анҷоми қабули шаҳрвандон Носирзода Ҷаббор аз дидбонгоҳи сарҳадии Гулистон боздид намуда, бо шароити хизмати сарҳадбонон шинос гардид.
Дар идомаи сафар роҳбари шаҳр дар деҳаи Шарафобод аз чор синфхонае, ки дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №103 бо саҳми аҳолӣ, дастгирии соҳибкорон ва дигар шахсони саховатпеша бунёд гардидааст, дидан намуд ва дар якчанд синфхона бо ҷараёни дарсҳо шинос гардида, бо хонандагон ва устодон суҳбат анҷом дод.
Ҳамчунин, дар деҳаи мазкур ба гармхонаи лимупарварии хоҷагии деҳқонии “Фаридун” ташриф оварда, бо ҳолати нашъунамои ниҳолҳо ва коркарди он шинос гардид.
Носирзода Ҷаббор дар фарҷоми сафар бо иштироки мутахассисони соҳаи кишоварзӣ бо мақсади ошноӣ пайдо намудан бо рафти парвариши чигит дар саҳроҳои ҳудуди ҷамоат, дар деҳаи Мурутак аз майдонҳои кишти чигит боздид ба амал оварданд.
Дар сари замини хоҷагии деҳқонии “Нуробод” бо деҳқонон суҳбат ороста, вобаста ба риояи агротехникаи парвариши ниҳолҳои пахтазор, ки ҳамакнун неш задаанд, маслиҳату тавсияҳои судманд доданд.