Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА” ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

Дар боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абдулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии гулҳо таҳти унвони “Сайри гули лола” баргузор ва ҷамбаст гардид.
Дар чорабинии мазкур ҳунармандону санъаткорони шаҳри Ҳисор иштирок намуда, дастоварду дастранҷҳо ва барномаҳои фарҳангию консертии худро пешниҳоди ҳакамон ва сокинону меҳмонони пойтахт намуданд.
Фестивали ҷумҳуриявии гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» аз рӯи номинатсияҳои «Боғи беҳтарин», «Гулгашти беҳтарин», «Маҳаллаи беҳтарин», «Деҳаи беҳтарин», «Деҳоти беҳтарин», «Шаҳраки беҳтарин», «Ноҳияи беҳтарин» ва «Шаҳри беҳтарин» баргузор гардид. ,
Шартҳои озмун ба вусъат додани корҳои ободонӣ, бунёдкориву созандагӣ, бедор намудани завқи зебоипарастӣ дар зеҳни ҳар сокини мамлакат ва маърифати экологӣ, ободу зебо намудани ҳар хона, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот, шаҳрак, ноҳия, шаҳр, вилоят ва ҷумҳурӣ нигаронида шуда буд.
Дар номинатсияи “Шаҳраки беҳтарин” шаҳраки Ҳисори шаҳри Ҳисор сазовори ҷойи сеюми озмун гардида, бо Дипломи дараҷаи III сарфароз гардонида шуд.