Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

МАРОСИМИ БА ХОК СУПОРИДАНИ САРБОЗИ БЕНИШОН ГУМШУДАИ ҶАНГИ АФҒОНИСТОН

3 июли соли 2024 дар оромгоҳи шаҳидони заминларзаи шаҳраки Шарора ҷасади ҷанговари интернатсионалист – иштирокчии ҷанги Афғонистон Ануфриев Михаил Викторович, ки дар шаҳраки Шарора ба дунё омада ба камол расидааст ва аз ҳамин ҷо ба хизмати ҳарбӣ рафта дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бенишон шудааст, ба хок супорида шуд.
Дар маросими бахоксупории ҷасади ҷанговар Ануфриев Михаил Викторович муовини якуми раиси шаҳри Ҳисор Каримзода Сироҷиддин иштирок ва суханронӣ намуда, аз ҷумла зикр кард, ки дар сангарҳои ҷанги Афғонистон 15 ҳазор ҷавонони Тоҷикистон сафарбар шуда, 366 нафар фавтиданд ва беш аз 1000 нафар маъюбу захмӣ ва даҳҳои дигар бенишон гардиданд, Ду нафар аз Тоҷикистон – Александр Мироненко ва Набӣ Акрамов бо унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шўравӣ сарфароз гардидаанд.
Аз шаҳри Ҳисор 502 нафар иштирок карда, 13 нафар ҳалок гардиданд ва Ануфриев Михаил Викторович зодаи шаҳраки Шарора дар ҷанг бенишон шуда буд.
Каримзода Сироҷиддин аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ба нафароне,и ки баъд аз 42 сол марқади ӯро дарёфт ва ба ватанаш интиқол доданд изҳори сипос карда, ба пайвандону ҳамсинфон, дӯстону ҳамяроқони ҷанговар изҳори тассалият намуд. Афзуд, ки хотираи неки ҷанговарони интернатсионалист, онҳое ки дар хоки кишвари ҳамсоя-Афғонистон бо амри Ватан сафарбар шуда, дар сангарҳои набард шаҳид гаштанд аз ёдҳо фаромўш нахоҳанд шуд ва дар шаҳри Ҳисор ба ифтихорашон шаш муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ номгузорӣ шудааст.
Имрӯз, баъд аз 35-соли аз хоки Афғонистон баромадани Қӯшунҳои Шӯравӣ ҷасади сарбози бенишоншуда Ануфриев Михаил Викторовичро ба хок супорида, аз садҳо сарбозони шаҳид ёд мекунем, бори дигар ба шуҷоату далерии онҳо, ки паҳлу ба паҳлӯ бо ҷавонони 15 ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар набардҳои ҷанги Афғонистон иштирок карда, манфиатҳои Ватани умумии хешро фарзандвор ҳифз намуданд ифтихор менамоем ва хотираи неки онҳоро гиромӣ медорем.
Дар маросими бахоксупории сарбоз пайвандону дӯстон ва ҳамяроқон хотироти хешро аз зиндагиномаи Михаил ёдовар шуда, зикр намуданд ба ин гӯша, ки Ануфриев Михаил Викторович дафн шудааст, минбаъд таваҷҷӯҳи хос зоҳир карда, ҳамчун хотира аз сарбозони бенишонгашта эҳтиром мегузорад ва барои ибрати ҷавонону наврасон ободу зебо нигоҳ медоранд.