Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

БАРРАСИИ ПЕШНИҲОДИ ПРОКУРАТУРАИ ШАҲР ДАР МАШВАРАТИ НАЗОРАТИИ РАИСИ ШАҲР

22 июли соли 2024 дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор таҳти раёсати иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Носирзода Ҷаббор бо иштироки муовини якум, ва муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳ ва мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ва дигар шахсони дахлдор машварати кории назоратӣ баргузор гардид.
Нахуст, роҳбари шаҳр иштирокчиёни машваратро бо баъзе тағйироти кадрӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва воҳидҳои сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ шинос намуд.
Тибқи Фармоиши Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аминов Шуҳратҷон Ҷалолиддинович аз 19 июли соли 2024 ба мансаби мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Ҳисор ва бо қарорҳои раиси шаҳри Ҳисор аз 19 июли соли 2024, Нарзуллоев Даврон Зиёдуллоевич ба вазифаи директори Муассисаи давлатии “Мактаби варзишии ба номи Абдуманнон Зокиров”-и шаҳри Ҳисор, Орзуев Диловаршоҳ Зоҳиршоевич ба вазифаи директори Муассисаи давлатии Клуби футболи “Шодмон”-и Ҳисор таъин карда шуданд.
Носирзода Ҷаббор шахсонеро, ки ба вазифаҳои роҳбарӣ таъин гардиданд табрик гуфта, ба фаъолияти кориашон барору муваффақият таманно намуд.
Сипас, пешниҳоди прокуратураи шаҳр аз 18 июли соли 2024, оид ба пешгирӣ ва бартараф намудани қонунвайронкуниҳо, сабаб ва шароитҳои ба он мусоидаткунанда ба хотири ҳифзи асолат ва арзишҳои миллӣ, ошкор намудани ҳолатҳои истеҳсоли либосҳои ба ном динии ба урфу одат ва фарҳанги миллӣ бегона, хусусан, сатру ҳиҷоб дар дохили бозорҳо, марказҳои савдо ва коргоҳҳои дӯзандагӣ дар қироати муовини якуми раиси шаҳр Каримзода Сироҷиддин манзури ҳозирин гардид.
Вобаста ба пешниҳоди прокуратура ва эродҳои дар он дарҷгардида Носирзода Ҷаббор шахсони масъулро пурсиш карда, барои ислоҳи камбудиҳо бо иловаи супоришҳо дар муҳлатҳои муайян вазифадор намуд.
Дар идома оид ба корҳои давоми ҳафта иҷрогардида муовинон, роҳбарони зергурӯҳҳои корӣ ва шахсони масъули ҷамоатҳо гузориш доданд ва барои фаъолият дар ҳафтаи ҷорӣ вазифагузорӣ гардиданд.
Дар машварат, ҳамчунин, Носирзода Ҷаббор котиби Ҷамоати шаҳраки Шарора Гавҳар Одинаева, мутахассиси пешбари Ҷамоати деҳоти Дурбат Муҳаббат Наҷмиддинова, котиби Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод Бибихосият Раҳимова ва сармутахассиси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Ҳабиба Ашӯроваро, ки дар даври шаҳрии озмуни ҷумҳурияви “Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон” фаъолона иштирок карда ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд, муборакбод гуфт ва бо “Сипоснома”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор сарфароз гардонид.