25 июли соли равон иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор бо иштироки муовини якум ва муовинони раиси шаҳр, раиси Ҷамоати шаҳраки Ҳисор намояндагони Маркази санитарӣ эпидемиологӣ, Маркази амнияти озуқаворӣ, шуъбаи ҳифзи муҳити зист, нозирони минтақавии ШВКД дар шаҳри Ҳисор ва масъулони бозорҳо аз раставу дӯконҳо, мағозаву марказҳои хизматрасонӣ, нуқтаҳои хӯрокҳои тезтайёр дидан намуда, бо шароитҳо ва тозагию ҳолати санитарии бозорҳо шинос шуданд.
Бо фурӯшандаву кормандони марказҳои савдою хизматрасонӣ ва харидорон суҳбат ороста, онҳоро ба муоширати хубу хизматрасонии босифат ва дар ин рӯзҳое, ки ҳарорати ҳаво нисбатан баланд шуда, имконияти паҳншавии бемориҳои сироятӣ бештар мегардад риоя намудани қоидаҳои санитарӣ, инчунин, эҳтиром гузоштан ба фарҳанги миллӣ ва риоя кардани пӯшидани сару либоси миллӣ дар хона ва ҷойҳои ҷамъиятӣ, роҳ надодан ба савдои сарироҳӣ, дар бозор ва кӯчаҳои шаҳр ва дар умум риоя кардани қоидаву талаботҳои ҳатмии шаҳрдориву шаҳрнишинӣ ҳидоят намуданд.