Субҳи имрӯз, 2 август иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор бо ҷамъи муовини якум, муовинон ва аъзои зергурҳии кории 35-солагии Истиқлолият ба деҳаи Тӯдаи Ҷамоати деҳоти Мирзо Ризо ташриф оварда дар маросими оғози сохтмони мактаби нав иштирок намуданд.
Пиру барнои деҳа, ки шодиву хурсандиашонро интиҳо набуд дар мавзеи сохтмон ҷамъ омаданд ва дар иштироки иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор, шахсиятҳои маъруфи деҳа ва ҷамоат, аз ҷумла академик Изатулло Сатторӣ, Муродалӣ Алимардон пирони кор барои оғози сохтмон дуо доданд.
Зикр гардид, ки бинои нави мактаб бо иқдоми сокини деҳа, ҳоҷии ободгару ташаббускор Маҳмуд Сайфиддинов бо ҷалби фарзандони соҳибкораш бунёд меёбад. Ҳамчунин, тазаккур дода шуд, ки Тӯда аз калонтарин деҳҳаҳои шаҳри Ҳисор маҳсуб ёфта, аҳолиаш зиёда аз 7 ҳазор нафарро ташкил медиҳад ва афзуданд, ки давоми солҳои охир ҳудуди деҳа аз ҳисоби бунёди хонаҳои истиқоматӣ дар шимолу ғарбии деҳа васеъ гардида, фарзандон барои таҳсил роҳи беш аз 2 километро тай намуда, ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 мераванд. Бинобар, мардуми маорифпарвари деҳа дар симои Маҳмуд Сайфиддинов зарур донистанд мактаби иборат аз 20 синфхонаро барои 640 нафар хонанда дар ду баст сохта ба фарзандонашон туҳфа намоянд.
Носирзода Ҷаббор ба сокинони шарафманди деҳаи Тӯда, бахусус, бобои Маҳмуд ва фарзандонаш барои иқдоми созанда изҳори сипос карда, омодагии МИҲД-и шаҳрро ҷиҳати кӯмак дар раванди сохтмон иброз намуд.
Изатулло Сатторӣ ва Муродалӣ Алимардон низ, аз ташаббуси Маҳмуд Сайфиддинов ва фарзандонаш истиқбол карда, барои идомаи бомароми сохтмон барор таманно намуданд.