Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ШОМИ ДӮСТИИ ИШТИРОКЧИЁНИ ФОРУМИ ЗАНОНИ ҚАЗОҚИСТОН ВА ТОҶИКИСТОН

Шоми 1 августи соли 2024 узви Комиссияи миллӣ оид ба масъалаҳои занон ва оила оид ба сиёсати демографии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Зулфия Байсакова ва ҳайати ҳамроҳонаш, ки барои иштирок дар Форуми занони Тоҷикистон ва Қазоқистон дар шаҳри Душанбе қарор доранд, ба шаҳри Ҳисор ташриф оварданд.
Меҳмононро дар регистони Қалъаи таърихии Ҳисор иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор пазироӣ карда, ба шаҳри Ҳисор хайрамақдам гуфт. Ҳамчунин, ҳунармандони бахши фарҳанг ва кормандони Муассисаи давлатии “Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор” бо иштироки гулдухтарони чаканпӯши ҳисорӣ меҳмононро таҳти садои карнаю сурнай ва тибқи таомули аҷдодӣ бо нону ширинӣ истиқбол гирифтанд.
Фаъолзанону бонувони Ҷумҳурии Қазоқистон зимни боздид аз Қалъаи Ҳисор ва шиносоӣ бо ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва намунаи ҳунарҳои дастии мардумӣ баҳои баланд дода, анъна ва арзишҳои миллии халқи тоҷикро дар рушди фарҳанги халқҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва шарқ мондагор арзёбӣ намуданд.
Дар боғи зимистонаи “Шаршара” бо ҳузури раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода, Узви Комиссияи миллӣ оид ба масъалаҳои занон ва оила оид ба сиёсати демографии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Зулфия Байсакова, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор ва иштирокчиёни Форум чорабинии фарҳангии пуршукӯҳи шоми дӯстӣ баргузор гардид.
Бунафша Файзиддинзода ва Носирзода Ҷаббор суханронӣ карда, аз ҳамкорию равобити дӯстонаи Тоҷикистону Қазоқистон ёдовар шуданд ва меҳмононро ба шоми дӯстӣ хайрамақдам ва шодбош гуфтанд.