3 август, дар рӯзи қабули шаҳрвандон ба иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор 17 нафар шаҳрванд, аз ҷумла 5 нафар сокинони шаҳру ноҳияҳои ҳамсоя муроҷиати шафоҳӣ намуданд.
Чун рӯзҳои қаблии қабули шаҳрвандон, бештари муроҷиати шаҳрвандон ба масъалаи дастрасӣ ба замини наздиҳавлигӣ таалуқ дошта, боқимонда, масъалаҳои баҳсҳои оилавию ҳамсоягӣ вобаста ба замин, кӯмак барои табобат, ҳуҷҷатгузории манзили истиқоматӣ ва ғайраҳоро дарбар мегирифт.
Роҳбари шаҳр барои баррасии саривақтии муроҷиати шаҳрвандон масъулинро вазифадор карда, ҳамзамон, масъалаҳои дигари вобаста ба баҳсҳоро, ки то ба имрӯз ҳалли худро наёфтаву шаҳрвандон такроран муроҷиат намуданд, барои таҳлил ва баррасӣ дар кӯтоҳтарин фурсат, ба шахсони дахлдор супоришҳои қатъи дода шуд.