Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ҲАШАРИ РОҲСОЗИИ ШАБОНА ДАР ТУРДИҚИШЛОҚИ ДЕҲОТИ ДУРБАТ

Шоми дирӯз иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор бо ҷамъи муовинон ва роҳбарону аъзоёни зергурӯҳҳои кории 35-солагии Истиқлолият дар шаҳр ба Ҷамоати деҳоти Дурбат ташриф оварда, дар ҳашари сокинони деҳаи Турдиқишлоқ, ки тасмим гирифтаанд роҳҳои марказии деҳаро бетонпӯш намоянд, иштирок намуданд.
Пиру барнои деҳа дар ҳашаргоҳ ҷамъ омада бо истифода аз ҳавои салқини шаб бо ғайрати дучанд ба тахту ҳамвор ва бетонрезии роҳ ва ҷӯйборҳои шафати он машғул буданд.
Носирзода Ҷаббор зимни суҳбат бо муйсафедон-пирони кор, ки маҳз бо ҳидояти онҳо фарзандон ба ободонии роҳ, кӯчаву паскӯча ва мактабсозӣ шуруъ кардаанд шахсан аз номи худ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр изҳори сипосу эҳтиром намуд. Иқдоми онҳоро ватандӯстона арзёбӣ карда, барои фарзандон намунаи ибрат хонд ва барои сокинони дигар гӯшаву канори шаҳр омили ҳавасмандӣ арзёбӣ намуд.
Лозим ба ёдоварист, ки роҳбарии зергурӯҳи корӣ дар ҷамоати мазкурро директори литсейи касбӣ-техникии №1, бонуи бисёр масъулиятшинос Мижгона Раҳимӣ бар уҳда дорад ва барои даст ба корҳои хайр задани мардуми деҳаҳои деҳоти Дурбат фаъол ва шарику саҳим аст.