Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ҚАБУЛИ САЙЁР ВА ЯК РӮЗИ КОРИИ НОСИРЗОДА ҶАББОР ДАР ДЕҲОТИ ҲИСОР

7 августи соли равон иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор дар доираи сафари корӣ ба Ҷамоати деҳоти Ҳисор рӯзи қабули сайёри шаҳрвандонро бо иштироки муовини якум, муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳ ва мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр, кормандони дастгоҳи ҷамоат ва роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти ҳокимияти давлатӣ баргузор намуд.
Дар соати қабул 7 нафар сокинони деҳоти Ҳисор вобаста ба гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, бунёди пул рӯи дарёи Кофарниҳон, бунгоҳи тиббӣ ва синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилотӣ муроҷиат карданд.
Идомаи сафари кории Носирзода Ҷаббор ба деҳоти Ҳисор, ки дар доираи як рӯзи корӣ ба нақша гирифта шуда буд, аз шиносоӣ бо ҳолати таъмир ва омодагӣ ба Соли нави таҳсил дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3, ба номи Қосим Олимов оғоз гардид. Роҳбари шаҳр як-як аз синфхонаҳои фаннӣ ва компютерӣ дидин намуда, ба сифати таъмири муассиса баҳои баланд дод ва ба роҳбарияти муассиса изҳори сипос намуд.
Дар шафати муассисаи таҳсилотӣ Маркази саломатии деҳотии Ҳисор ҷойгир шудааст. Носирзода Ҷаббор ба фаъолияти муассисаи мазкур таваҷҷӯҳ зоҳир карда, аз утоқҳои корӣ ва шароитҳои мавҷуда барои хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ шинос гардид. Ба роҳбари шаҳр иттило дада шуд, ки муассиса дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби сармояи хориҷӣ азнавсозӣ мегардад.
Идомаи сафари кории Носирзода Ҷаббор дар ҶДММ “50-солагии Октябр” аз шиносоӣ бо ҳолати кишти такрорӣ ва дар деҳаи Ҳаёти Нав бо ҷараёни сохтмони корхонаи коркарди пахта сурат гирифт. Ҳамчунин, дар деҳаи Гулханӣ аз фаъолияти кормандони фермаи ширию молии ҶДММ “Абдурауф Юсуфов” дидан карда, бо захираи хӯроки чорво ва шароитҳои парваришу ширдӯшӣ дар ферма шинос гардид.
Нимаи дуюми рӯз бо мақсади ҷамъбасти натиҷаҳои сафари корӣ дар Ҷамоати деҳоти Ҳисор, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 бо фаъолони деҳоти Ҳисор мулоқот анҷом дод.
Раиси ҷамоат Эраҷ Турдиев дар бораи фаъолияти дастгоҳи ҷамоат ва рушди иҷтимоию иқтисодии деҳоти Ҳисор дар соли 2023 ва 7 моҳи соли 2024 гузориш дод.
Сипас, Носирзода Ҷаббор суханронӣ карда, аз ҷумла зикр намуд, ки давоми солҳои соҳибистиқлолии кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қудуми файзбори хеш шуруъ аз соли 1993 чандин маротиба ба ин мулки зархез сафар карда, ба эҳёи ёдгориҳои таърихию фарҳангии Қалъаи Ҳисор асос гузоштанд, дар ифтитоҳи бинои истиқоматӣ ва марказҳои фарҳангию фароғатӣ, Комбинати металургӣ, Мамнуъгоҳи ҳайвоноту парандаҳои нодир, Боғи зимистонаи Шаршара иштирок ва бо фаъолони шаҳри Ҳисор дар ин мавзеи таърихӣ мулоқот анҷом доданд.
Афзуд, ки Ҳисор дар радифи шаҳрҳои қадимаи Риму Афина яке аз сарзаминҳои бостонии ҷаҳон маҳсуб ёфта, дар китоби муқаддаси дини зардуштӣ “Авасто”, ки асрҳои 6-и пеш аз мелод арзи вуҷуд дошт, бо номи Шумон дарҷ шудааст. Ҳамчунин, номи Шумон дар китобҳои “Сафарнома”-и як сайёҳи Чинӣ, “Ҳудуд ул Олам”, “Ҳафт иқлим” зикраш рафта ҷуғрофишиноси араб Ал-Муқаддасӣ Ҳисорро модаршаҳри ин қаламрав номгузорӣ кардааст. Ин гуфтаҳо баёнгари он ҳастанд, ки Ҳисори Шодмон дар чорроҳаи бузурги “Роҳи Абрешим”, ки натанҳо роҳи тиҷорат, балки роҳи лашкаркашиҳои бузург низ буд, мавқеъ гирифта, шуҳрати оламшумул дорад.
Аз шӯҳрати адибони деҳоти Ҳисор, ки шерҳояшон дар мусиқии классикии халқи тоҷик “Шашмақом” ҷойгоҳу мақом дорад, аз қабили Мирзо Олимҷони Ҳасрат, Мулло Муҳаммадраҷаб, ки машҳур бо номи Парии Ҳисорӣ мебошад, Эсани Бадахшонӣ, Мавзуни Ҳисорӣ, Тошхӯҷаи Ирсӣ, Мирзо Мункӣ ёдовар шуда, ҳамзамон, аз шахсиятҳои муътабари ин макон, собиқ вакили Маҷлиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштирокчии Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон собиқадори соҳаи маориф Халил Мирзоев, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сурайё Дӯстмуродзода, собиқ муовини Сарвазир Ширин Исматуллозода, адиби таърихнигор Шодибек Собирӣ, Ҳофизи халқии Тоҷикистон Муҳаммадсаид Аҳмадов, собиқ мудири маориф ва раиси ҷамоати деҳоти Ҳисор Салоҳиддин Каримов, собиқадорони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи шаҳр аз ин диёр Хайрулло Низомов, Пардаалӣ Одинаев, Соҳибҷон Абдулҳакимов, Сафар Амирхонов, Қосим Олимов, Қурбоналӣ Абдуллоев, Абдухолиқ Ҳафизов, Абдуғанӣ Абдураҳимов, Зикрулло Ҷобиров, Изатулло Назриев, Абдурауф Иброҳимов ва даҳҳои дигар, ки аз зумраи номбардорони Ҳисор буданду ҳастанд ном гирифт.
Дар фарҷоми мулоқот, зимни сӯҳбати озод сокинони ҷамоат пешниҳоду андешаҳои хешро перомуни дастовард ва мушкилот дар деҳоти Ҳисор ба шаҳрдор баён доштанд.