10 августи соли равон бахшида ба Рӯзи варзишгарон дар толори МИҲД-и шаҳри Ҳисор бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Носирзода Ҷаббор, собиқадорони варзиш ва ҷавонону наврасон чорабинии пуршукӯҳи тантанавӣ доир гардид.
Носирзода Ҷаббор аз дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз варзишгарони мамлакат, ташаббуси байналмилалии Тоҷикистон – бо пешниҳоди Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эълон гардидани «Рӯзи ҷаҳонии футбол» ки дар шинохту рушди ҷомеаи солиму созанда ва дипломатияи варзишӣ муждаи нек мебошад, ёдовар шуда афзуд, ки иқдоми мазкур ба рушду нумӯи соҳаи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ дар кишвар таккон бахшида, ба вусъати раванди оммавишавии варзиш мусоидат менамояд.
Аҳолӣ ва соҳибкорони банангу номуси шаҳри Ҳисор бахшида ба ҷашни 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳр бунёди 54 – иншооти варзишӣ, аз ҷумла 23 толор, 22 майдончаи варзишӣ, 4 толори саққозанӣ, 4 ҳавзи шиноварӣ ва як Маркази хизматрасонӣ барои ҷавононро ба нақша гирифта, сохтмонашон ҷараён дорад ва варзишгарони шаҳр ҷавобан ба ғамхориҳои Пешвои миллат, дастгириҳои соҳибкорон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ва минтақавию ҷумҳуриявӣ ширкат карда, соли 2023 бо гирифтани 672 медали тилло, 428 нуқра ва 359 биринҷӣ ва дар ҳашт моҳи соли 2024 ба гирифтани 595 медал, аз ҷумла 314 медали тилло, 149 медали нуқра ва 132 медали биринҷӣ сазовор гардиданд,
Дар фарҷом Роҳбари шаҳр иштирокчиёни чорабинӣ, собиқадорони варзиш ва варзишгарони ҷавону наврасро ба муносибати ҷашни фархундаи варзиш муборакбод гуфта, ба якчанд собиқадорони варзиш ва варзишгарони муввафақ “Сипоснома” ва туҳфаҳои таъсиснамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрро тақдим намуд.