Нимаи дуюми рӯзи 22 августи соли равон иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор дар доираи баргузории рӯзи қабули сайёри шаҳрвандон дар Ҷамоати деҳоти Навобод бо ҳузури муовинон, роҳбари дастгоҳ, мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо фаъолону сокинони деҳоти Навобод мулоқот намуд.
Дар мулоқот, нахуст, раиси Ҷамоати деҳоти Навобод Абдулазиз Собиров оид ба рушди иҷтимоию иқтисодии ҷамоат дар 7 моҳи соли равон, инчунин, рафти татбиқи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар ҷамоат гузориш дод.
Раиси шаҳр оид ба масъалаҳои дастрасии аҳолӣ ба барқ, роҳу нақлиёт, оби полезӣ ва ошомиданӣ, вазъи мактабу маориф, хизматрасонии тиббӣ, сафарбарии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, инчунин пардохти маблағҳои андоз, қувваи барқ ва ҳолати дигар масъалаҳои иҷтимоӣ пурсиш карда, ҷиҳати рафъи мушкилоти ҷойдошта дар деҳот масъулонро муваззаф намуд.
Дар идома Носирзода Ҷаббор суханронӣ карда, аз ҷумла зикр намуд, ки Ҷамоати деҳоти Навобод дар шаҳри Ҳисор аз аввалин ҷамоатҳое мебошад, ки ҳанӯз соли 1930, қабл аз ташкил шудани ноҳияи Ҳисор таъсис ёфтааст ва тибқи махзанҳои таърихӣ ин диёр таърихи қадим дошта, дар Феҳрести ёдгориҳои таърихии Ҳисор аз 87 ёдгорӣ 7-тоаш, аз қабили шаҳраки Мавлонҷар якчанд таппаи беном дар ҳудуди деҳаҳои Ғӯриёт, Ҳуҷум, Чуқурак, соҳилҳои дарёи Чангоби Мавлонҷари Боло, ки ҳанӯз аз асрҳои 1 ва 2-и мелодӣ арзи ҳастӣ доранд, ба ин мавзеъ таалуқ доранд.
Дар сарҳади марказ – шаҳраки Ҳисор ва шафати шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Турсунзода, инчунин, роҳи оҳани байналмилалии Душанбе-Тирмиз мавқеъ гирифтани деҳоти Навобод аз ҳар роҳбаре, ки вазифаеро дар муассисаву идораҳои ҳудуди ҷамоат бар дӯш дорад ва аз фаъолону сокинони деҳоти ҷамоат, бахусус, аҳли зиё ҷиҳати ободу тоза нигоҳ доштани ин мавзеъ масъулияти бештарро тақозо менамояд. Фаромӯш набояд сохт, ки “Роҳи бузурги абрешим” низ аз ин минтақа убур кардааст ва мардуми меҳнатдӯсту ҳунарманд аз гузаштаи хеле дур ин мавзеро барои сукунати доимӣ макони зист ихтиёр кардаанд,-идроз дошт раиси шаҳр.
Ҳамчунин, рушди соҳаҳои хоҷагии халқ, дастоварду мушкилотро дар ҳудуди ҷамоат тибқи таҳлилҳо шарҳу эзоҳ дода, аз корҳои ободонӣ дар ҷамоат изҳори қаноатмандӣ кард ва ба сокинону соҳибкорони деҳоти Навобод арзи сипос намуд. Ҳамзамон, аз шуҳрати дар гузашта доштаи деҳқонони деҳоти Навобод ёдовар шуда, аз истифодабарии замин дар хоҷагиҳои ҷамъиятиву деҳқонӣ дар солҳои охир изҳори нигаронӣ кард.
Дар фарҷоми суханронӣ изҳори итминон намуд, ки кишоварзони ҷамоат аз эродҳо хулосаҳои зарурӣ мебароранд ва дар ҳамкорӣ бо кормандони Раёсати кишоварзии шаҳр, роҳҳои ҳалли мушкилотро пайдо карда, аҳлона меҳнат менамоянд, дар ободии диёр саҳм гирифта, ҷашни умумимиллӣ, 35-солагии Итиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷашнҳои дар пеш истодаи миллиро бо сари баланд ва натиҷаҳои шоиста истиқбол менамоянд.