Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ТАҶЛИЛ АЗ РӮЗИ ДОНИШ ДАР ШАҲРИ ҲИСОР

Субҳи 1 сентябри соли равон иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор тибқи дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади расонидани Паёми табрикотӣ бахшида ба “Рӯзи дониш” ба Муассисаи давлатии коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор ташриф овард.
Нахуст, бо шароитҳои таълиму тадрис дар синфхонаҳои муассиса шинос шуда, бо омӯзгорону донишҷӯён суҳбат намуд.
Сипас, дар саҳни муассиса бо иштироки раиси шаҳр ва омӯзгорону донишҷӯён чорабинии тантанавӣ доир гардид ва Носирзода Ҷаббор суханронӣ карда аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати кормандону донишҷӯёни Колеҷи омӯзгориро ба муносибати Соли нави хониш ва Рӯзи дониш табрику таҳният гуфт.
Аз мактабу мадрасадории халқи тоҷик тӯли таърих ёдовар шуда зикр намуд, ки бузургтарин дастоварди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли 33 соли Истиқлоли давлатӣ, пеш аз ҳама, барқарор намудани сулҳу суботи комил, таъмини рушди устувори иқтисодву иҷтимоӣ, амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии мамлакат, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ дар миёни тамоми қишрҳои ҷомеа аст.
Ватани маҳбубамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, бо шарофати заҳмати фидокоронаву садоқатмандонаи мардуми кишвар, ки дар ин радиф шумо, омӯзгорони муҳтарами Муассисаи давлатии Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор низ, саҳми босазо доред, ба давраи рушди устувори худ ворид гардидааст.
Ҳамчунин, бо ёдоварӣ аз ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати эълон кардани “Соли маориф ва фарҳанги техникӣ”- соли 2010”, “20-солаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ”- солҳои 2020-2040, озмунҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат”, ки ба фароҳам овардани заминаҳои рушду такомули тафаккури техникиву технологӣ дар муассисаҳои таълимии зинаҳои гуногун ва пажӯишгоҳҳои илмӣ, тарбияи насли нави муҳаққиқони соҳаи техника, инчунин, боло бардоштани завқи китобхонӣ такони ҷиддӣ бахшидааст, ҳамзамон афзуд, ки дар натиҷаи амалисозии барномаҳои созандаи Ҳукумати мамлакат қисми даромади буҷети давлатӣ ҳар сол зиёд гардида, соли 2023 ҳаҷми он нисбат ба соли 2017-ум 1,6 баробар афзоиш ёфт. Бо фароҳам омадани имконият хусусияти иҷтимоии буҷети давлатӣ тақвият дода шуда, хароҷот барои илму маориф, тандурустӣ ва дигар соҳаҳои иҷтимоӣ аз 9,6 милиард сомонии соли 2017 ба 18,5 милдиард сомонӣ дар соли 2023 расонида шуд, яъне 1,9 баробар зиёд гардид. Дар 33 соли истиқлоли давлати 3240 муассисаи нави таълимӣ барои 1 миллиону 400 хазор хонанда сохта, ба истифода дода шуд.
Дар татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи давлатии Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор низ дар низоми маорифи мамлакат нақши назаррас дорад.
Айни ҳол дар муассиса ба 634 нафар донишҷӯ аз шаҳри Ҳисор ва 38 шаҳру ноҳияҳои мамлакат 71 нафар омӯзгорони дорои тахассуси баланд, аз ҷумла як доктори илм, як номзади илм, 41 омӯзгори калон ва 16 асистент дарс мегӯянд. Аз шумораи умумии донишҷӯён ба таҳсили беш аз 300- нафар донишҷӯ аз ҳисоби буҷет маблағгузорӣ карда мешавад ва ҳамасола наздик ба 300 нафар донишҷӯ муассисаро хатм карда, ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, асосӣ ва миёнаи умумӣ ба пешаи пурифтихори омӯзгорӣ ҷалб мегарданд.
Пас аз анҷоми чорабинии тантанавӣ, дар толори муассиса иырокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯён суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бахшида ба Рӯзи Дониш ва Дарси сулҳ, ки тариқи шабакаҳои телевизионии мамлакат пахш гардид, дастҷамъона тамошо намуданд.