Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

МУКОФОТСУПОРӢ ВА ИФТИТОҲИ ИНШООТ БО ИШТИРОКИ МУОВИНИ САРВАЗИРИ ТОҶИКИСТОН

5 сентябри соли 2024 муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳои ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафари корӣ ба шаҳри Ҳисор ташриф овард ва дар чорабинии тантанавии супоридани мукофотҳои давлатӣ бахшида ба 33-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон иштирок намуд.
Муовини Сарвазир иштирокдорони чорабинӣ ва дар симои онҳо сокинони шаҳри Ҳисорро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни умумимиллии Истиқлолият табрику таҳният гуфт.
Ҳамчунин, афзуд ки сокинони сарбаланди шаҳри Ҳисор бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳоро иборат аз 1675 банд амалӣ менамоянд, ки шоистаи таҳсин аст. Зикр гардид дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот тасмим гирифтаанд дар арафаи ҷашни Истиқлолият 65 иншооти таъиноташон гуногун, аз ҷумла дар соҳаи маорифу тандурустӣ ва савдою хизматрасониро мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд.
Дилрабо Мансурӣ ба сокинону соҳибкорони шаҳр барои вусъати корҳои ободониву созандагӣ изҳори сипос карда, иқдомҳои ватандӯстонаи онҳоро намунаи ибрат ба фарзандон маънидод намуд.
Сипас, муовини Сарвазир дар фазои тантанавӣ ба чор нафар намояндагони гуногункасбе, ки давоми фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас нишон дода, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудаанд, шаҳодатнома ва медалҳои хизмати шоистаро тақдим намуд.
Пас аз чорабинии тантанавӣ муовини Сарвазири мамлакат Дилрабо Мансурӣ ва иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор дар Ҷамоати деҳоти ба номи Мирзо Турсунзода, деҳаи Садоқат бинои 6 синфхонаро дар назди МТМУ №92, дар деҳаи Равшандилон бинои иборат аз 6 синфхонаро дар назди МТМУ №67 ва дар кӯчаи Файзулло Абдуллоеви шаҳраки Ҳисор бинои Маркази адлияро, ки дар он бахши САҲШ ва идораи нотариалии шаҳр ҷойгир карда шудааст, инчунин, дар маҳаллаи Бобоҷон Ғафуров бинои баландошёнаи истиқоматӣ бо марказҳои савдою хизматрасонӣ ва Аквопаркро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ифтитоҳи иншоот бахшида ба 35-солагии Истиқлолият бо иштироки раиси шаҳр, муовинон ва роҳбарони зергурӯҳҳои корӣ давоми ҳафта дар ҷамоатҳои шараку деҳот идома меёбад.