20 сентябри соли равон дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор ва таҳти раёсати муовини якуми раиси шаҳр Каримзода Сироҷиддин Иҷлосияи бисту сеюми Маҷлиси вакилони халқ, даъвати шашум баргузор гардид.
Пас аз садо додани Суруди миллӣ Иҷлосия ба кори худ шуруъ карда, вакилон котибот ва рӯзномаи ҷаласаро иборат аз нуҳ масъала – рафти иҷрои “Барномаи рушди таҳсилоти мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 ”, оид ба иҷрои ваколати вакилӣ – ҳисоботи вакили МВХ-и шаҳр аз ҳавзаи интихоботии “Равшан”, №10, табдил додани муассисаҳои таҳсилоти умумии асосии рақамҳои 100, 106 ба Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таъсиси муассисаи таҳсилоти асосӣ таҳти рақами 104 дар деҳаи навбунёди Зиракии Ҷамоати деҳоти Алмосӣ, ворид намудани тағйирот ба қисми даромад ва хароҷоти буҷети шаҳри Ҳисор дар нуҳ моҳи соли 2024, тасдиқи қарорҳои раиси шаҳр вобаста ба масъалаҳои кадриро тасдиқ намуданд.
Вобаста ба масъалаи якуми рӯзномаи Иҷлосия – рафти иҷрои “Барномаи рушди таҳсилоти мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 ” гузориши муовини раиси шаҳр Юлдошзода Бунафша ва оид ба иҷрои ваколати вакилӣ – ҳисоботи вакили МВХ-и шаҳр аз ҳавзаи интихоботии “Равшан”, №10 Изатуллои Ҳабибзод шунида шуд.
Сипас, масъалаҳои табдил додани муассисаҳои таҳсилоти умумии асосии рақамҳои 100, 106 ба Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таъсиси муассисаи таҳсилоти асосӣ таҳти рақами 104 дар деҳаи навбунёди Зиракии Ҷамоати деҳоти Алмосӣ, ворид намудани тағйирот ба қисми даромад ва хароҷоти буҷети шаҳри Ҳисор дар нуҳ моҳи соли 2024 ва тасдиқи қарорҳои раиси шаҳр вобаста ба масъалаҳои кадрӣ ва молиявӣ баррасӣ гардид.
Дар идомаи Иҷлосия раиси Комиссияи доимӣ оид ба иқтисод, молия ва идораи моликияти коммуналӣ вакил Умедҷон Аловиддинов суханронӣ карда иброз дошт, ки бо мақсади вусъати корҳои ободонӣ дар шаҳр бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдоми Комиссияи мазкур тасмим гирифта шудааст пешниҳод намоянд, ки барои дастгирии Муассисаи ободонӣ ва кабудизоркунии назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр кормандони муассисаҳои буҷетии шаҳр ва дигар идораву ташкилот бо ризогии иттифоқҳои касабаи идораҳои мазкур музди маоши якрӯзаашонро ба суратҳисоби Муассисаи ободонӣ ва кабудизоркунии шаҳр гузаронанд. Ташаббус бо ҳамовозии комил дастгирӣ ёфта, аз ҷумла Баҳриддин Солеҳов – роҳбари ҶДММ Латиф Муродов, Илҳом Қараев – сардухтури беморхонаи марказии шаҳр, Маҳмуд Кабирӣ – менеҷҷери маркази саломатии шаҳрӣ, Ҳусниддин Сангинов – мудири шуъбаи маориф, Баҳодур Раҷабов – директори муассисаи давлатии коллеҷи тиббӣ, Фарҳод Ёқубов – раиси Ҷамоати деҳоти ба номи Мирзо Турсузода, Ҷамолиддин Нуралиев – директори “Агротехсервис” аз номи кормандон омодагии хешро барои дастгирии иқдом изҳор доштанд.
Вакилон вобаста ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул намуданд ва ба кори иҷлосия хотима бахшиданд.