Тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, 21 сентябр иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Носирзода Ҷаббор бо иштироки муовини якум, муовинон, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти давлатӣ рӯзи қабули шаҳрвандонро баргузор намуд.
Ба раиси шаҳр 28 нафар сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот асосан вобаста ба масъалаҳои гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, инчунин ҳалли баҳсҳои оилавӣ ва замин, дастгирии тиббӣ, мушкилӣ дар таъминот бо барқ ва дигар масъалаҳои иҷтимоӣ муроҷиат намуданд.
Роҳбари шаҳр ҷиҳати ҳалли мушкилоти шаҳрвандон муовинон ва роҳбари дастгоҳ, инчунин шахсони дахлдорро вазифадор карда, ҷиҳати саривақт хаттӣ ва шифоҳӣ ҷавоб гардонидан ба муроҷиатҳои шаҳрвандон, супоришҳои мушаххас дод.