Бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2024, №192 “Дар бораи саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025” аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.
20 ноябри соли равон иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Носирзода Ҷаббор барои шинос шудан бо рафти зимистонгузаронӣ дар муассисаҳои соҳаи маориф ва тандурустӣ, инчунин, захираи маҳсулоти кишоварзӣ дар сардхонаҳо ба деҳаҳои дурдасти Ҷамоати деҳоти Хонақоҳи Кӯҳӣ ташриф овард.
Дар деҳаи Якатути ҷамоати мазкур Носирзода Ҷаббор аз фаъолияти таҷҳизоти равшанию гармидиҳӣ дар синфхонаҳои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №64 дидан карда, ҳамзамон, бо давомот ва донишомӯзии хонандагони муассиса шинос гардид.
Тибқи иттилои масъулон, муассиса ба мавсими зимистон пурра омода буда, устодону шогирдон аз дастрасӣ ба ҳезуму ангишт танқисӣ надоранд.
Дар идомаи сафар роҳбари шаҳр дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19, деҳаи Кафшдӯзон бо ҷараёни корҳои сохтмони бинои иловагӣ дар назди муассиса, ки дар ду ошёна бо 10 синфхона, зиёда аз 500 ҷойи нишаст дар ду баст бунёд меёбад шинос гардид. Носирзода Ҷаббор таъкид дошт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар баробари 80 000 дона хишт дастрас намудан, барои ҷиҳозонидани муассиса бо мизу курсӣ ва дигар таҷҳизоти хониш мусоидат хоҳад намуд.
Ҳамчунин, дар деҳаи Кафшдӯзон раиси шаҳр аз ду сардхонае, ки дар онҳо зиёда аз 200 тонна себу ангур захира шудааст, боздид карда, зимни сӯҳбат ба соҳибони сардхонаҳо барои саҳми муносиб гузоштан дар муътадил нигоҳ доштани нархи меваю сабзавот дар бозорҳо ва бо ҳамин васила саҳм гузоштан дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат изҳори сипос намуд.
Носирзода Ҷаббор дар доираи сафари корӣ ба беморхонаи минтақавии Меҳргон таваҷҷӯҳ карда, бо ҳолати муассиса ва фаъолияти кормандони он шинос гардид. Тавре сардухтури беморхонаи марказӣ Илҳом Қараев иброз дошт, дар беморхонаи мазкур 54 нафар табибон, ҳамшира ва бародарони шафқат, кормандони техникӣ ба сокинони ҷамоатҳои деҳоти Хонақоҳи Кӯҳӣ, Алмосӣ ва дигар деҳоти ҳамшафат хизматрасонӣ менамоянд. Муроҷиати бештари беморон аз дигар манотиқи шаҳр ба муассиса бозгӯи он аст, ки сатҳу сифати хизматрасонии табибону дигар кормандони он хуб роҳандозӣ гардидааст.
Носирзода Ҷаббор ҷиҳати боз ҳам беҳтар шудани шароит ва хизматрасонии тиббӣ дар муассиса, барои ба хатти барқи доимӣ пайваст кардани беморхона масъулинро вазифадор намуд.