Сокинони шаҳри Ҳисор, аз ҷумлаи намояндагони касбу кори гуногун, собиқадорони ҷангу меҳнат, аҳли зиё, ҷавонону наврасон ва дигар аҳли ҷамоатчигии шаҳр парчаму нишони давлатӣ, аксҳои Президент, Қаҳрамонони Тоҷикистон ва шиорҳои таҷассумгари муҳаббат ба Ватани азизу маҳбуб дар даст, бо шукргузорӣ аз фазои орому осоишта ва ифтихору дӯстдории Ватан, дар кӯчаҳои Исмоили Сомонӣ, Файзулло Абдуллоев ва Тоҷиддин Муҳиддинови маркази шаҳр роҳпаймоии идона доир карда, эҳтирому садоқат ва самимияти худро нисбат ба муқаддасоти миллӣ – Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон собит намуданд.