Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

КОНФЕРЕНСИЯИ ШАҲРӢ ЗЕРИ УНВОНИ “16 РӮЗИ АМАЛ АЛАЙҲИ ЗӮРОВАРӢ”

3 декабри соли 2024 дар Кохи фарҳанги шаҳри Ҳисор бахшида ба 25-солагии қабули Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа” зери унвони “16 Рӯзи амал алайҳи зӯроварӣ” бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ Конференсияи назариявӣ ва чорабинии пуршукӯҳи фарҳангӣ доир гардид.
Конференсия таҳти раёсати иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Носирзода Ҷаббор ва бо ҳузури раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддинзода Бунафша, муовини Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Умедахон Абдуллозода, узви Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хидирзода Махфират, муовини ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Бобоҷонзода Миҷгона ва коршиноси миллӣ Марҳабо Олимӣ баргузор гардид.
Носирзода Ҷаббор бо сухани муқаддимавӣ баромад карда, меҳмонон ва иштирокчиёни Конференсияро аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ хайрамақдам гуфт ва ба кори Конференсия муваффақият таманно кард.
Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддинзода Бунафша бо сухани ифтитоҳӣ ба кори Конференсия оғоз бахшида, аз ҷумла зикр намуд, ки бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар ва сиёсати пешгирифтаи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳидояту роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми занон дар кишвар марҳила ба марҳила баланд гардид. Занону бонувони тоҷик дар тамоми соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии мамлакат, бахусус корҳои роҳбарӣ фаъолияти назаррас доранд.
Нотиқон аз эълон шудани «16 рӯзи мубориза алайҳи хушунат» ёдовар шуда, вобаста ба таъсири меъёрҳои иҷтимоии он дар масъалаҳои зӯроварии гендерӣ мубодилаи афкор намуданд ва афзуданд, ки 16 рӯзи мубориза зидди зӯроварӣ бори дигар ба мо хотиррасон мекунад, ки зӯроварӣ ва хушунат дар оила таҳдиди ҷаҳонист, ки чораҳои қатъӣ ва дастаҷамъонаро дар ҳама сатҳҳо тақозо менамояд.
Ҳамчунин, таъкид гардид, ки барои ба танзим даровардани муносибатҳои оилавӣ дар кишвар як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномаҳо, аз ҷумла Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Масъулияти барои таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардидааст ва мавриди амал қарор доранд.
Дар фарҷоми кори Конференсия муовини якуми раиси шаҳри Ҳисор Каримзода Сироҷиддин суханронӣ карда, аз фаъолияти занону бонувони шаҳр ёдовар шуд. Зикр гардид, ки айни замон шумораи умумии занон дар шаҳр 177399 нафар буда, 59061 нафарро ҷавондухтарон ташкил медиҳанд. 377 нафар занон дар корҳои роҳбарӣ ва 42 нафар дар вазифаҳои хизмати давлатӣ фаъолият доранд. Як нафар зан вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 13 нафар вакилони маҷлиси вакилони халқи шаҳр ва 73 нафар вакилони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот мебошанд. Иброз гардид Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор дар партави сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар раванди татбиқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа” барои ҷалби бештари занону духтарон ба фаъолият чораҳои мушаххас меандешад, ҳамзамон, сокинони шаҳр бо тарбияи дурусти фарзандон дар руҳияи хештаншиносию ватандӯстӣ ва созандагию бунёдкории Ватан бо маърифати баланд саҳми арзандаи хешро мегузоранд.
Дар охири кори Конференсия чорабинии фарҳангӣ баргузор гардида, ҳунармандони шуъбаи фарҳанги шаҳр барномаи консертиро иборат аз шеъру тарона дар васфи Ватан ва зебогиҳои диёр ва саҳнаҳои ҷолиби тарбиявӣ пешкаши иштирокчиёни Конференсия намуданд.