12 декабри соли равон иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор бо мақсади таъмири 8 километр роҳи аҳамияти ҷумҳуриявидоштаи Ҳисор – Шарора – Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ, бо роҳбарони корхонаҳои саноатиие, ки дар шафати роҳи мазкур ҷой гирифтаанд, мулоқот намуд.
Тавре роҳбари шаҳр зикр намуд, дар шаҳри Ҳисор 244,53 километр роҳ, аз ҷумла 22,6 километр роҳҳои байналмилалӣ, 87,5 километр роҳҳои ҷумҳуриявӣ ва 134,43 километр роҳҳои маҳалӣ мавҷуд буда, нигоҳдории он ба уҳдаи муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳр вогузор гардидааст ва афзуд, ки бар асари зиёд гузаштани мошинҳои пуриқтидори вазнини боркаш роҳи Ҳисор – Шарора – Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ харобу фарсуда шуда, солҳост ба сокинону меҳмонони шаҳр, инчунин ба фаъолияти корхонаҳое, ки дар ин ҳудуд ҷойгиранд, мушкилӣ эҷод намудааст. Бинобар, шаҳрдорӣ тасмим гирифт, бо дастгирии соҳибкороне, ки ба мулоқот даъват шудаанд, роҳи болозикрро бо назардошти ҷӯйҳои обпарто таъмир ва чароғон намояд. Тибқи ҳисобҳои пешакӣ барои амалӣ намудани ин иқдоми хайр зиёда аз 7,2 млн. сомонӣ маблағ зарур мебошад.
Раиси асотсиатсияи соҳибкорони шаҳр Рустам Саидов бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ суханронӣ карда, аз аввалинҳо шуда иқдоми шаҳрдорро дастгирӣ намуд. Ҳамзамон, соҳибкорони дигарро бо муттаҳидӣ ба ободонии диёр, ки як гӯшаи зебои Ватан мебошад, ҳидоят намуд.
Маврид ба ёдоварист, ки тибқи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1675 банд 292 банди он ба таъмиру таҷдиди роҳҳои ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳот нигаронида шуда, бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва дастгирии аҳолӣ ва соҳибкорон танҳо дар 11 моҳи соли 2024 зиёда аз 60 километр роҳҳо мумфарш, наздик ба 110 километр бетонпӯш, зиёда аз 170 километр сангфарш карда шуданд ва аз ҷониби муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳр дар ҳудуди 13,6 километр роҳ таъмири ҷорӣ гузаронида шудааст.
Сархатиби шаҳр Шарифзода Азалшоҳ, ки дар мулоқот ҳузур дошт, саҳми соҳибкорони бонангуӣ номусро дар ободонии шаҳр васфу ситоиш карда, моҳияти инсондӯстии таълимоти дини мубини Исломро дар ин маврид шарҳ дод, ва роҳсозиро пайвандгари дилҳо, тақвияти муҳаббату дӯстӣ дар байни одамон, таҳкими ваҳдат ва аз беҳтарин амали нек ва кори хайру савоб маънидод намуд.
![](https://www.hisor.tj/wp-content/uploads/2024/12/470170382_589995263419997_2932542495795619959_n-300x200.jpg)
![](https://www.hisor.tj/wp-content/uploads/2024/12/470182402_589995613419962_4080041511676197165_n-300x200.jpg)
![](https://www.hisor.tj/wp-content/uploads/2024/12/470197510_589995576753299_3154906489639632074_n-300x200.jpg)
![](https://www.hisor.tj/wp-content/uploads/2024/12/470197566_589995486753308_6998661604818550785_n-300x200.jpg)