Бо дастгирии иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор китоби “Гузари умр”-и адиб ва хаттоти моҳир Очилдии Раҷабиён, ки бо тахаллуси “Бетоб” эъҷод мекунад, дар нашриёти “Мулквар” бо сифати баланд ба нашр расид.
13 декабр бо ҳидояти Носирзода Ҷаббор барои дастрас кардани китоби тозанашри адибе, ки 50 сол инҷониб нотавону бемории бистарист – Очилдии Бетоб, муовини раиси шаҳр Бунафша Юлдошзода ва котиби бахши Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор Ҳакималӣ Назаралӣ ба деҳаи Равшандилони Ҷамоати деҳоти ба номи Мирзо Турсунзода ташриф оварданд ва дар баробари тақдим намудани китоб, маводи хӯрока ва шириниҳо дастрас карда, ҳамзамон, бо рӯзгори адиб шинос гардиданд .
Муовини раиси шаҳрро, ҳамчунин раиси Ҷамоат, намояндагони Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва Шӯрои куҳансолони Ҳаракат дар шаҳри Ҳисор, шуъбаи маориф, Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим ва хоҷагии деҳқонии “Офтобрӯя” ҳамроҳӣ намуданд.
Очилдии Бетоб бо хушнудӣ ба роҳбарияти шаҳр изҳори сипос карда, шеъре, ки дар ситоиши шахсони саховатпеша ҷиҳати дастгирии маъюбону барҷомондагон эъҷод шудааст, қироат намуд. Ҳамзамон, аз шиносоияш бо адибону таърихнигорони номвари диёр қисса карда, саҳифаҳои хотироташро аз зиндагӣ ҳам ба шодмонӣ ва ҳам бо ғаму ғусса варақгардон ва бовуҷуди аз пои равон маҳрум буданаш, аз тақдир шукргузорӣ намуд..