Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор бо мақсади шиносоӣ бо ҳолати омодагии бозорҳо ба фасли зимистон, таъмини амнияти озуқаворӣ, ки аз ҷумлаи ҳадафҳои афзалиятноки стратегии Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, инчунин, назорати захираи маҳсулоти хӯрокворӣ, бахусус, озуқаи ҳаётан муҳим, нарх ва шароити нигоҳдории онҳо, тозагӣ ва ҳолати санитарии раставу дӯкон ва ошхонаҳо ва нуқтаҳои дигари савдою хизматрасонӣ бо ҳайати намояндагон аз прокуратураи шаҳр, шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Ҳисор, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳр, аъзои Ситоди зимистонгузаронӣ дар шаҳр ва дигар сохторҳои назоратӣ аз бозори марказии шаҳр ҶДММ “Самоҳ” боздид намуда, вобаста ба сифати хизматрасонӣ, зиёдаравӣ накардан дар нархгузорӣ ва эҳтироми харидорон маслиҳату тавсияҳои судманд доданд.