Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

СОАТИ КИШОВАРЗӢ БО ИШТИРОКИ РАИСИ ШАҲР

Дирӯз. 14 декабр таҳти раёсати иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор ва бо иштироки муовини соҳавӣ, кормандони Раёсати кишоварзӣ, мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва роҳбарони хоҷагиҳои кишоварзӣ ҷаласаи машваратии “Соати кишоварзӣ” баргузор гардид.
Тавре зикр гардид, машварат бо мақсади вусъати корҳои кишоварзӣ – шудгор ва кишти тирамоҳӣ, ҷамъоварии зироатҳо, бахусус, пахта, ки ашёи муҳими саноатӣ маҳсуб меёбад доир шуда, муовини соҳавӣ Назризода Абдуфаттоҳ мутахассисони Раёсати кишоварзӣ ва масъулон дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот оид ба вазъи соҳа гузориши муфассал доданд.
Сипас, роҳбари шаҳр аз масъулон вобаста ба масъалаҳои кишту шудгор ва корҳои зимистона дар саҳро, ҳолати заминҳои партов, фаъолияти пойгоҳҳои обкашӣ ва таъминот бо оби полезӣ, заминҳое, ки аз гардиши кишоварзӣ берун мондаанд, фаъолияти фермаҳои чорводорӣ ва фабрикаҳои парандапарварӣ, истеҳсоли гӯшт, шир, ва тухм, рушди соҳаҳои моҳӣ ва харгӯшпарварӣ, истеҳсолу содироти маҳсулоти кишоварзӣ, бахусус, меваю сабзавот, фаъолияти сардхонаю гармхонаҳо ва бунёди онҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлолият, истеҳсоли зироатҳои техникӣ ва равғани растанӣ пурсиш карда, ҷиҳати рафъи камбудиҳо супоришҳои мушаххас дод.
Ҳамчунин, дар машварат Носирзода Ҷаббор ба ҳолатҳои хунукназарӣ дар ҳуҷҷатгузории истифодабарии заминҳо, ҷобаҷогузории зироатҳо, зарари боришоти борон ба майдонҳои кишт ва чораҳои пешгирӣ дар ин самт, ҷалби сармояи хориҷӣ ва дохилӣ ба соҳаи кишоварзӣ, шумораи техникаву мошинолотҳои кишоварзӣ, ҷарздории хоҷагиҳо аз бонкҳо ва музди маош, талабот ва таъминот бо нуриҳои минералӣ, ҳаҷми воридоти маҳсулоти худӣ ва хориҷ аз шаҳр ба бозорҳои дохилӣ таваҷҷӯҳ зоҳир карда, раисони ҷамоат ва роҳбарони хоҷагиҳои кишоварзиро барои ба низом овардани соҳаи кишоварзӣ ба масъулиятшиносӣ ҳидоят намуд.