25 декабри соли равон намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Сарвазири мамлакат Дилрабо Мансурӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматуллозода Ҳикматулло, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Ҳисор ташриф оварда, дар мактаб-интернати ҷумҳуриявии низомаш махсус ба 270 нафар ва дар мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони нобино ва сустбин ба 220 нафар тарбиягирандагон туҳфахои солинавии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки аз сару либоси зимистона ва шириниҳо иборат буд тақдим намуданд.
Муовини Сарвазир ва ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯдакони имконияташон маҳдудро аз номи Пешвои маҳбуби миллат табрику таҳният гуфта, таъкид доштанд, ки кӯдакону наврасон, бахусус шумо маъюбону ятимон ва дигар табақаҳои ниёзманди аҳолӣ пайваста зери таваҷҷӯҳи ғамхоронаи Ҳукумати мамлакат қарор доред ва Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шуморо ҳеҷ гоҳ дар чорроҳаи тақдир танҳо намегузоранд.
Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор меҳмононро ба шаҳри Ҳисор хайрамақдам гуфта, барои дастрас намудани туҳфаҳои Пешвои миллат ба хонандагони имконияташон маҳдуди мактаб-интернатҳо сипосу эҳтиром баён дошт.
Ба хонандагони муассисаҳо дастархони идонаи солинавӣ ороста шуда, ҳунармандони шуъбаи фарҳанг ва санъаткорони навраси мактаб-интернатҳо бо арзи миннатдорӣ барномаи омоданамудаи консертии хешро ба меҳмонон эҳдо намуданд.