Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ИҶЛОСИЯИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲР БА НАҚШАИ ЧОРАБИНИҲОИ ҶАШНИИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО ВОРИД КАРД

26 декабри соли 2024 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор таҳти раёсати МУОВИНИ ЯКУМИ РАИСИ ШАҲРИ Ҳисор Каримзодав Сироҷиддин иҷлосияи бисту панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ҳисор, даъвати шашум баргузор гардид.
Дар кори иҷлосия иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Носирзода Ҷаббор, вакилони халқ, муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳ, кормандони масъули шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассиса, раисони маҳалла, ходимони дин ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок доштанд.
Пас аз садо додани Суруди миллӣ иҷлосия ба кори худ шурӯъ карда, вакилон котибот ва рӯзномаи иҷлосияро иборат аз понздаҳ масъала – Ҳисоботи раиси шаҳр оид ба фаъолияти МИҲД-и шаҳр дар ёздаҳ моҳи соли 2024, тасдиқи буҷети шаҳр дар соли 2025 ва иҷрои буҷет дар соли 2023, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қисми даромад ва хароҷоти буҷет дар соли 2024, муқаррар намудани меъёри андоз ва пардохти ҳатмии дигар андозҳо дар шаҳр, ворид намудани т ағйиру иловаҳо ба нақшаи чорабиниҳои ҷашнии 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, таъсиси муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумии №143, иваз намудани муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ба умумии асосӣ ва умумии асосӣ ба миёнаи умумӣ, тасдиқи Низомномаи комиссияи доимӣ оид ба танзими ҷашну маросими назди МИҲД-и шаҳр, қарорҳои раиси шаҳр “Дар бораи тасдиқи санади комиссияи назди МИҲД-и шаҳри Ҳисор”, тасдиқи фармоиши роҳбарони вазорату кумитаҳо дар бораи таъйин намудани шахсони алоҳида ба мансабу вазифаҳои роҳбарӣ дар муассисаҳои давлатии Коллеҷи тиббӣ, Литсейи касбӣ техникӣ ва Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор ва ҳисоботи вакилро аз ҳавзаи интихоботии “Шӯроби Афғон” №18 тасдиқ намуданд.
Аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи иҷлосия иҷрокунандаи вахзифаи раиси шаҳр Носирзода Ҷаббор баромад карда, оид ба фаъолияти МИҲД-и шаҳр дар ёздаҳ моҳи соли 2024 ҳисобот дод.
Аз ҷумла зикр гардид, Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Ҳисор барои солҳои 2021 – 2026 аз 2071 лоиҳа ва маблағи умумии 1 млрд. 970 млн. 417 ҳазор сомонӣ иборат буда, тибқи таҳлилҳои гурӯҳи мониторинг 711 банд корҳо ба анҷом расидаанд, оғози 361 банд ба роҳ монда шудааст ва шумораи 999 банд дар солҳои 2025 ва 2026 ба инобат гирифта шудааст. Ҷамъи маблағи ҷалбгардида 1 млрд. 279 млн. 109 ҳазор сомониро ташкил менамояд, ки ба 64,9 фоизи маблағи умумии Барнома баробар аст.
Дар ёздаҳ моҳи соли 2024 ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ дар шаҳр 4 млрд. 564 млн. сомониро ташкил намуда, суръати рушд ба 113 фоиз баробар гардидааст.
Ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 518 млн. 500 ҳазор сомонӣ зиёд буда, ин нишондиҳанда дар истеҳсол ва коркарди маҳсулоти саноатӣ 101,9 фоиз, кишоварзӣ 111,3 фоиз, сармоягузорӣ ва сохтмон 140 фоиз, гардиши савдо 110,3 фоиз ва хизматрасонӣ 103 фоиз афзоиш ёфтааст.
Дар давоми 11 моҳи соли 2024 дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон биноҳои иловагии мактаб дар назди муассисаҳои таҳсилотии №67, 92, 104, 122 мавриди истифода қарор гирифта, Муассисаи таълимии №143 таъсис ёфт. Аз 146 синфхонаи иловагии ба нақша гирифташуда, 66 адади он мавриди истифодабарӣ қарор дода шудааст.
Айни ҳол корҳои сохтмонӣ дар мактаби хусусии байналмилалӣ барои 420 нафар дар маҳаллаи 8-ум ва муассисаи томактабии хусусӣ барои 220 кӯдак дар деҳаи Ҳаёти Нави Ҷамоати деҳоти Ҳисор бо маром идома дорад.
Аз дастоварду камбудиҳо дар самти иқтисодиву иҷтимоӣ, бахусус рушди саноату кишоварзӣ, маорифу тандурустӣ, варзишу фарҳанг ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр ёдовар шуда, натиҷаҳои бадастомадаро қаноатбахш арзёбӣ намуд.
Сипас, вакилон ба баррасии масъалаҳои дигари рӯзномаи иҷлосия шуруъ карда вобаста ба масъалаҳои баррасишуда, аз ҷумла ба нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон тағиру иловаҳо ворид намуда, ба ҷои 1675 банди қаблӣ бо иловаҳо нақшаро иборат аз 1809 банд тасдиқ карданд ва қарорҳои дахлдор қабул намуданд.
Каримзода Сироҷиддин ба фаъолияти панҷсолаи вакилон, ки ваколаташон қатъ мегардад барои ҳамкорӣ ва иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ, татбиқи нақшаи чорабиниҳои МИҲД-и шаҳр бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ изҳори сипос намуд. Ҳамзамон, ба вакилон таъкид намуд минбаъд низ, бо муттаҳидӣ дар корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳр муташаккилона ширкат намоянд ва дар роҳи иҷрои мақсаду ҳадафҳои гузошташуда, шукуфоии диёр саҳмгузор бошанд.