30 декабри соли равон иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор 50 нафар ятимонеро, ки бо амри тақдир аз падару модар маҳрум гаштаанд ба ҳузур пазируфт.
Роҳбари шаҳр ятимонро ба муносибати Соли нави мелодӣ табрику таҳният гуфта, аз ҷумла афзуд, ки тарбияи инсони солиму комил аз ҳадафҳои неки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб ёфта, дар ин масир ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоату ниёзманд ҳамеша дар мадди назари Роҳбари давлат қарор доранд.
Хусусан, ба ятимон ҳанўз аз овони хурдӣ то ба камол расиданашон аз тарафи Пешвои маҳбуби миллат ғамхории ҳамешагӣ зоҳир гардида, барои тарбия, соҳибмаълумоту соҳибкасб гардидан ва пайдо кардани шуғл ва дар ҳамин замина мақому мартаба ёфтани онҳо дар зиндагиашон тадбирҳои нек андешида мешавад.
Раиси шаҳр изҳори итминон намуд, ки бо шарофати ғамхории Ҳукумати Ҷукмҳурии Тоҷикистон, меҳру муҳаббати Сарвари ятимпарвару меҳрубон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, чун фарзандони содиқу вафодори Ватан ба воя расида, камол меёбанд ва дар ҳифзи ному нанги диёр дар пайравӣ ба Пешвои миллат кору зиндагӣ менамоянд.
Сипас, Носирзода Ҷаббор аз номи Сарвари давлат ба ятимон туҳфаҳои солинавӣ, аз қабили либоси зимистона ва шириниҳо тақдим карда, барояшон саломатию хушбахтӣ ва фатҳи қуллаҳои баланди донишро таманно намуд.
Барои болидарӯҳии онҳо дар ошхонаи “Ватан” дастурхони идона ороста шуда, ҳунармандони шуъбаи фарҳанг барномаи ҷолиби консертиро пешниҳод намуданд.