Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

КӮМАК БА ЗЕБОИОФАРОНИ ШАҲР

Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор кормандони Муассисаи ободонӣ ва кабудизоркунии назди МИҲД-и шаҳрро ба ҳузур пазируфта, ба муносибати оғози Соли нави мелодии 2025 табрику таҳният гуфт. Ҳамзамон, саҳми кормандони муассиса, бахусус занону бонувонро дар ободониву тозагии шаҳр шоистаи таҳсин арзёбӣ карда, барои заҳмати шабонарӯзӣ изҳори сипос намуд.
Раиси шаҳр барои суфраи зимистона ва дастархони идонаи кормандони муассиса маводи хӯрокаи ниёзи аввал тақдим карда изҳор дошт, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар арафаи иду айём минбаъд низ онҳо дастгирӣ хоҳанд шуд.
Кормандон аз таваҷҷӯҳи пайвастаи шаҳрдор ба рӯзгорашон бо хушҳолӣ изҳори қаноатмандӣ карданд.