7 марти соли равон дар толори Кохи фарҳанги шаҳри Ҳисор бахшида ба “Рӯзи Модар” чорабинии пуршукӯҳи тантанавӣ ва фарҳангӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор иштирок ва суханронӣ карда, занону бонувон ва модарони муътабари диёрро, ки дар чорабинӣ ҳузур доштанд, ва дар симои онҳо занону бонувони шаҳрро аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр самимона муборакбод гуфт.
Ҳамзамон афзуд, ки ҳамасола, дар айёме, ки фасли зебои сол – баҳори Аҷам оғоз ёфта, табиат аз нав эҳё ва хурраму дилкаш мегардад, мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони шаҳри бостонии Ҳисор, ҳамчун рамзи эҳтироми бепоён ба мақому мартабаи зан – Модар ин санаи муборакро бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил менамоянд.
Модар қимматтарину азизтарин шахс дар олами ҳастӣ маҳсуб ёфта, ҳамчун офарандаи ҳаёт тимсоли хуршед саховатмандона ба олам нур мепошад ва чун маркази меҳр, мазҳари ишқ, таранумгари покӣ, намунаи отифату чашмаи иноят бо меҳру муҳаббати беҳамтои хеш зиндагиро маъво мебахшад.
Бузургони олам аз қадим то ба имрӯз раҳму шафқат, фазилату порсоӣ, фурӯтаниву хоксорӣ, заҳмату бедорхобиҳои модарро ситоиш карда, ба номи покаш ҳамду сано мехонанд ва мо низ, рисолати инсонофариву ҳаётбахши модаронро қадр карда, ба сиришти поку номи некашон арҷ мегузорем.
Дар идомаи чорабинӣ дар фазои тантанавӣ Носирзода Ҷаббор ба беш аз 30 нафар занону бонувон, ки дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи шаҳр фаъолияти шоиста доранд, “Сипоснома” ва туҳфаҳои таъсиснамудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрро тақдим намуд.
Ба занону модароне, ки дар чорабинӣ ҳузур доштанд, барномаи рангини консертии омоданумудаи ҳунармандони шуъбаи фарҳанги шаҳр, иборат аз шеъру таронаҳо дар васфи муқаддасии Ватан, Модар ва зебогиҳои диёр пешкаш гардид



