12 марти соли 2025 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор таҳти раёсати раиси шаҳр, раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ҳисор, даъвати ҳафтум баргузор гардид.
Дар кори иҷлосия вакилони халқ, муовини якум ва муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳ, кормандони масъули шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, фаъолони шаҳр ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок доштанд.
Пас аз садо додани Суруди миллӣ иҷлосия ба кори худ шурӯъ карда, вакилон котибот ва рӯзномаи иҷлосияро тасдиқ намуданд.
Раиси Комиссияи шаҳрии Интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқ дар шаҳри Ҳисор Дилафрӯз Шарифова аз натиҷаҳои Интихобот, ки 2 марти соли равон баргузор гардида буд, гузориши муфассал дода, ҳайати вакилони тозаинтихобро дар Маҷлиси вакилони халқ, даъвати ҳафтум муаррифӣ намуд.
Сипас, маросими савгандёдкунии вакилон оид ба иҷрои ваколати вакилӣ баргузор гардид.
Дар идома, вакилон тибқи рӯзномаи иҷлосия масъалаҳоро дар бораи ваколати вакилони МВХ шаҳри Ҳисор, Дастури МВХ, Низомномаи комиссияҳои доимӣ ва муваққатии МВХ, ташкили комиссияҳои доимии МВХ ва ҳайатҳои он:
– Комиссия оид ба қонуният, ҳуқуқи инсон, тартиботи ҳуқуқӣ ва сохти маъмурию ҳудудӣ;
– Комиссия оид ба иқтисод, молия ва идораи моликияти коммуналӣ;
– Комиссия оид ба энергетика, коммуникатсия, шаҳрсозӣ ва нақлиёт;
– Комиссия оид ба масъалаҳои аграрӣ,идораи замин, захираҳои об, экология ва шуғли аҳолӣ;
– Комиссия оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, маънавиёту фарҳанг ва иттилоот;
– Комиссия оид ба одоби вакилӣ ва назорати Дастури Маҷлиси вакилони халқ, инчунин, масъалаҳои пешбарии номзад ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олиии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи бисёрмандатии интихобот оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олиии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, №5, ташкили комиссияи ҳисобӣ, овоздиҳии пинҳонӣ оид ба пешниҳоди номзад ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олиии Ҷукмҳурии Тоҷикистон, ба қайд гирифтани гурӯҳи вакилии ҳизбии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ҳисор, беэътибор донистани ваколати вакили МВХ-и шаҳри Ҳисор аз ҳавзаи интихоботии “Баракат № 40”, таъйини интихобот дар ҳавзаи интихоботии “Баракат № 40”, ҳамчунин, баррасии қарорҳои раиси шаҳрро вобаста ба масъалаҳои кадрӣ ва молиявӣ мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор доданд.
Дар идомаи иҷлосия барои пешбарии номзад ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олиии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи бисёрмандатии интихобот оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олиии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, интихобот баргузор гардида, вакилон тариқи овоздиҳии пинҳонӣ ба ҷонибдории раиси шаҳри Ҳисор, раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳр Носирзода Ҷаббор, ки аз ҷониби КИ ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор ҳамчун номзади арзанда пешниҳод шуда буд, овоз доданд ва мавсуф ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олиии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи бисёрмандатии интихобот оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олиии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, №5, ҳамчун номзад пешниҳод гардид.
Дар идомаи иҷлосия Носирзода Ҷаббор барои дастгирӣ ва тасдиқи қарорҳои баррасишуда ба вакилон изҳори минатдорӣ карда, ҳамзамон, барои дар сатҳи баланди ташкиливу сиёсӣ баргузор намудани Интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ҳисор, 2 марти соли равон ба як қатор масъулони интихобот, бахусус, ҳайати комиссияи шаҳрӣ ва раисони ҳавзаву участкаҳои интихоботӣ “Сипоснома”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисорро тақдим намуд.
Раиси шаҳр ба фаъолияти вакилони тозаинтихоб барору муваффақият таманно карда изҳори итминон намуд, ки вакилон, дар ҳавзаҳое, ки боварии интихобкунандагонро сазовор гардиданд, якҷо бо мардум барои вусъат бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муташаккилона саъю талош менамоянд ва дар иҷрои ваколатҳои вакилӣ ба савганди хеш содиқ мемонанд.



