3 марти соли 2025 бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор дар Кохи фарҳанги шаҳр даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Сад ранги чакан” баргузор гардид.
Дар толор ва долонҳои Кохи фарҳанг ҳунармандон ва дӯстдорони санъати чакандӯзӣ аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, муассисаҳои соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва корхонаю дӯконҳои дӯзандагӣ маҳсули дастони хешро ба намоиш гузоштанд ва доварон беҳтарин ҳунармандонро интихоб ва маҳсули заҳмати онҳоро қадрдонӣ намуданд.
Дар қисми дуюми чорабинӣ, ки дар толори Кохи фарҳанг идома ёфт, муовини раиси шаҳр Юлдошзода Бунафша суханронӣ карда, чорабинии мазкурро яке аз тадбирҳои муҳим дар масири баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстиву хештаншиносӣ, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун, эҳёи расму русум ва ҳунарҳои мардумӣ, ташвиқу тарғиби сарулибоси ниёгон, фароҳам шудани имкони муаррифии ҳунари занону бонувон ва ба ин васила рушду муаррифии фарҳангу ҳунари волои халқи тоҷик ба ҷаҳониён, маънидод намуд.
Сипас, дар фазои тантанавӣ ба беҳтарин ҳунармандон “Сипоснома” ва туҳфаҳои таъсиснамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тақдим гардид.



