14 марти соли 2025 дар толори прокуратураи шаҳри Ҳисор ба ифтихори Рӯзи кормандони мақомоти прокуратура чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор иштирок ва суханронӣ карда, саҳми прокуратураро ҳамчун яке аз сохторҳои муҳими низоми давлатдорӣ дар бунёди давлатдории миллӣ ва фароҳам овардани сулҳу субот дар ҷомеа муҳим арзёбӣ намуд. Афзуд, ки ҳифзи мустақилияту соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳамчун арзиши олӣ аз вазифаҳои асосии мақомоти прокуратура ба ҳисоб меравад ва саҳми кормандони прокуратураро дар таъмини назорати риояи қонунҳо, волоияти он ва таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ шоиста муарифӣ намуд.
Зикр гардид, ки бо шарофати сиёсати оқилонаю адолатпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти мақомоти прокуратура дар кишвари мо таҳким ёфта, сокинони мамлакат, ҳамчунин, мардуми диёри бостонии шаҳри Ҳисор дар симои кормандони соҳаи Прокуратураи шаҳр сипари боэътимоди худро эҳсос менамоянд ва ба кору фаъолият ва малакаи касбии Шумо эътимоду эҳтироми хоса доранд.
Роҳбари шаҳр кормандони прокуратураи шаҳрро ба муносибаи иди касбиашон табрику таҳният гуфта, дар фазои тантанавӣ ба якчанд кормандони прокуратураи шаҳр “Сипоснома”-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрро тақдим намуд.
Прокурори шаҳр, мушовири адлияи дараҷаи як Раҳмон Умедҷон Нуриддин аз дастгириву ғамхориҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳа ёдовар шуда, афзуд, ки кормандони мақомоти прокуратура ҷавобан ба ин ғамхориҳо ҷиҳати назорати иҷрои амиқ ва татбиқи якхелаи қонунҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳимояи мустақилият ва ҳуқуқҳои соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуқуқҳои иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсӣ ва дигар ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳамчун арзиши олӣ, дар умум ҳифзи асосҳои сохтори демократии Ҳокимияти давлатӣ содиқона фаъолият менамоянд.
Ҳамзамон, ба роҳбарияти шаҳр барои таманниёт ва илтифот ба кормандони прокуратура изҳори сипос карда, итминон намуд, ки минбаъд низ, якҷоя дар доираи ҳамкориҳои судманд ба манфиати давлату миллат софдилона хизмат хоҳанд намуд.



