Тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор 15 марти соли равон рӯзи қабули шаҳрвандон баргузор гардид ва Носирзода Ҷаббор-иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр 38 нафар сокинони шаҳр ва берун аз онро ба ҳузур пазируфта, арзу додашонро шунид.
Бештари муроҷиати шаҳрвандон ба масъалаи дастрасӣ намудан ба қитъаи замини наздиҳавлигӣ рабт дошт.
Ҳамчунин, шаҳрвандон ба роҳбари шаҳр вобаста ба мушкилоти мавриди назарашон, аз қабили кӯмак барои бунёд ва таъмири манзили истиқоматӣ, дастрас намудани масолеҳи бинокорӣ, табобат ва дастрасӣ ба дорую дармон, ҳуҷҷатгузорӣ кардани хоҷагии деҳқонӣ ва манзилҳои истиқоматӣ, инчунин, сохтмони мактаб ва бунгоҳи тиббӣ, гиромӣ доштани номи иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо гузоштани лавҳаҳо дар муассисаҳо ва оромгоҳҳое, ки онҳо дафн шудаанд ва дигар мушкилоти иҷтимоӣ муроҷиат карданд.
Носирзода Ҷаббор ҷиҳати ҳалли мушкилоти шаҳрвандон ба муовинон, мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти давлатӣ, идораҳои дахлдор барои таҳлилу таҳқиқ ва баррасӣ дар муҳлатҳои муайяннамудаи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои мушаххас дод.

