Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

КОРРУПСИЯ МАСЪАЛАИ МУШКИЛИ ЗАМОНИ МУОСИР ВА САДДИ РОҲИ РУШДИ ДАВЛАТҲО

14 марти соли равон дар Кохи фарҳанги шаҳри Ҳисор дар партави дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳо ба Маҷлиси олии мамлакат ва дар доираи татбиқи “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, таҳти раёсати иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор ва сардори Раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ Нигора бо иштироки кормандони дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарону кормандони воҳидҳои сохтории мақомоти ҳокимияти давлатӣ, кормандони соҳаи маориф, тандурустӣ, Кумитаи идораи замин, Корхонаи давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул”-и шаҳр, комиссариати ҳарбӣ, нозироти андоз, шабакаи барқ, кормандони дастгоҳи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, намояндагони иттиҳодияҳои динӣ, раисони кумитаҳои деҳавӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳо ҳамоиш баргузор гардид.
Дар он Носирзода Ҷаббор ва Муқимӣ Нигора суханронӣ карда, аз ҷумла зикр намуданд, ки яке аз омилҳои нигаронкунанда, ки ба пешрафти ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ таъсири манфӣ расонида, боиси норозигии мардум мегардад, ин зиёд гардидани ҳолатҳои коррупсионӣ дар ҷомеа мебошад.
Бешак, коррупсия зуҳуроти манфӣ дар ҷомеа буда, дар сурати пешгирӣ нашудан, он метавонад садди роҳи рушду инкишофи давлат гардад.
Нотиқон афзуданд, ки мубориза ба коррупсия кори дастаъҷамона буда, муқовимати давлатӣ дар ин самт танҳо дар ҳамбастагӣ бо ҷомеъаи шаҳрвандӣ, хоса иштироки ҳар як фард метавонад натиҷа дода, садди роҳи коррупсия гардад.
Мутаассифона, хавфу хатари равандҳои коррупсионӣ дар шаҳри мо низ, ҷой доранд, ки боиси нигаронӣ мебошад,-идроз дошт роҳбари шаҳр ва итминон намуд, ки якҷоя бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ бо падидаҳои манфии амалҳои коррупсионӣ мубориза хоҳанд бурд. Таъкид гардид, ки пеш аз ҳама роҳбарони соҳаҳо дар идораву ташкилот ва муассисаҳои зертобеи худ назоратро пурзӯр карда, бояд нагузоранд, ки кормандонашон даст ба амалҳои коррупсионӣ зада обрӯю нуфузи идора ва дар умум шаҳрро доғдор намоянд.
Ба одати доимии шаҳрвандон табдил додани риояи қонунҳои амалкунанда, яке аз роҳҳои хотима бахшидан ва ҳолатҳои даст задани шаҳрвандон, аз ҷумла мансабдорон ба амалҳои коррупсионӣ маҳсуб меёбад. Албатта, мубориза бар зидди коррупсия амали дастаҷамъонаро тақозо менамояд ва дар ин самт баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва боз ҳам беҳтар намудани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ тариқи васоити ахбори омма, шабакаҳои иҷтимоии интернет, инчунин, баргузор намудани мулоқоту вохӯрӣ бо қишрҳои ҷомеа яке аз роҳҳои муассир дар паст намудани шиддати коррупсия маҳсуб меёбад ва метавонад давра ба давра заминаи воқеиро барои аз байн бурдани ин падидаи номатлуб, роҳандозӣ намояд.
Табиист, ки мубориза ба коррупсия яке аз самтҳои меҳварии сиёсати роҳбарони давлатҳои пешрафта ва рӯ ба рушд маҳсуб меёбад ва ба қадри имкон решакан намудани ин падида ба тарақиёту пешрафти аксарияти кишварҳои ҷаҳон заминаи воқеӣ гузоштааст.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барои решакан намудани зуҳуроти номатлуб, дар самти пешгирӣ аз амалҳои коррупсионӣ, дар тамоми шароитҳои мусоид фароҳам овардааст ва месазад масъулон, хоса роҳбарони муассисаву ташкилот ва корхонаҳо дар аввал худ намуна бошанд, сипас, барои даст назадани зертобеон ба чунин амалҳо замина фароҳам оваранд.
Дар идома Муқимӣ Нигора бо иштирокчиёни вохӯрӣ мубодилаи озоди афкор доир намуда, ҳамзамон, вобаста ба саволҳои онҳо ҷавобҳои қонеъкунанда дод.
Мудири шуъбаҳои маориф ва фарҳанг, сархатиби шаҳр ба музокира баромада, оид ба таъсири манфии амалҳои коррупсионӣ ба пешрафти ҷомеа ва роҳҳои пешгирӣ аз он, фикру андешаҳои ҷолиб баён намуданд.