Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ФАРҲАНГ ДАР ШАҲРИ ҲИСОР

Тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, 20 март дар Кохи фарҳанги шаҳр ба муносибати Рӯзи фарҳанг чорабинии пуршукӯҳи тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ муовини раиси шаҳр Юлдошзода Бунафша иштирок карда, Паёми табрикии раиси шаҳр Носирзода Ҷабборро ба аҳли ҳунару фарҳанги шаҳр қироат намуд.
Сипас, дар фазои тантанавӣ ба як қатор кормандони соҳаи фарҳанг нишони Аълочии фарҳанги Тоҷикистон, “Сипоснома”-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, шуъбаи фарҳанг ва иттифоқҳои касабаи кормандони соҳаи фарҳанг тақдим гардид.
Дар идомаи чорабинӣ ҳунармандони шуъбаи фарҳанг барномаи рангини консертиро пешкаши ҳозирин намуданд.